Меҳргон — иди ҳосил, фаровонию нишот ва ваҳдат
ДУШАНБЕ, 16.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Меҳргон ҷашнест, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рўзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишотро бо худ ҳамроҳ меоварад ва таҷлили пуршукўҳи он башорат аз рӯзгори босаодат аст. Ба ин муносибат дирӯз дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон — иди ҳосил, фаровонӣ ва ваҳдат бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маросими идона намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар сохторҳо иштирок намуданд.
Дар ҷашни Меҳргон намояндагони тамоми шаҳру навоҳии мамлакат дастранҷи худро ба маъраз гузошта буданд. Аз ҷумла, анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, нону кулчаҳои миллии мардумӣ, шириниҳои гуногун дар рӯйи дастурхон барои меҳмонон пешниҳод гардиданд, ки ҳар кадом аз хони бою таърихи куҳан доштани тоҷикон ҳикоят мекарданд. Дар даромадгоҳи боғ аз ҷониби ҳоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳсулоти кишоварзӣ бо маҳорати хеле олӣ ороиш ёфта буд, ки ба базмгоҳ зебоии дигаре зам менамуд.
Тавре зимни суҳбат корманди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов иброз дошт, истиқлолияти комили давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон марҳилаи тозае гардид. Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, «Меҳргон иди ҳосилот, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин парваридаи деҳқон, фарорасии фасли хазонрез, пастравии гармии офтоб, нумуъи тулӯи табиат, инчунин дӯстиву рафоқат, шодию нишот, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Ин ҳама шукӯҳу ҷалол, ин ҳама ҷашнгирӣ самараи Истиқлолият аст ва моро имрӯз лозим аст, ки ба қадри Истиқлолият- ин неъмати бузургу бебаҳо бирасем».
Дар қисмати шарқии Боғи Ирам барномаи консертии шавқовар манзури сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе гардонида шуд. Дар барнома ҳунармандони Ансамбли фолклории «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷўраев, Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғаффор Валаматзода, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов, Ансамбли эстрадии «Ориё» ва Ансамбли «Сомон» ҳунарнамоӣ карданд.
Сокини шаҳри Душанбе Саида Каримова аз баргузории ин гуна ҷашнҳо изҳори хушнудӣ намуда, баён дошт, ки «ба воситаи ин маросими идона, ки дар он анвои мухталифи меваю сабзавот, консерву оби мева ва шириниву хӯрданиҳои мухталиф ба тамошо гузошта шудаанд, мо тавонистем бо намунаи ҳосили босифати деҳқонони заҳматкаш шинос гардем. Фазои шоду фараҳбахши ин ҷашн дар дили ҳар бинанда як ҳисси пур аз хурсандиву нишотро ба вуҷуд меорад, ки онро имрӯз ман аз чеҳраҳои хандони ҳар як иштирокчӣ метавонам пай барам»,- зикр намуд ӯ.
Бояд гуфт, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосили заҳмати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии он далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.























Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






