Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Судон Ҳомид Муҳаммад Аннур Мумтоз

Октябрь 16, 2017 16:03

ДУШАНБЕ, 16.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Сомон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Судон Ҳомид Муҳаммад Аннур Мумтозро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, масъалаҳои вобаста ба густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Судон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Барпо намудани робитаҳои мустаҳками дуҷониба бо кишварҳои арабии қитъаи Африқо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим дорад”,-таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки мо омодаем ҳамкориро бо Ҷумҳурии Судон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ба сатҳи сифатан нав барорем.

Ҷонибҳо баҳри таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратию сармоягузорӣ омодагии худро иброз доштанд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои муборизаи муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дарёфти роҳҳои ҳалли мусолиҳатомези муноқишаҳои кишварҳои ҷангзадаи олам мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

37699369302_4e04b54b40_z7

Октябрь 16, 2017 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд