Мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Низор Маданӣ

Октябрь 16, 2017 15:23

ДУШАНБЕ, 16.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Низор Маданиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз таҳкиму густариш ёфтани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистону Арабистони Саудӣ имконият доранд, ки ҳамкории ҳамаҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, зерсохторҳои нақлиётию энергетикӣ, аз ҷумла дар татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва маориф ба роҳ монда, нақши Комиссияи байниҳукуматии муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникиро дар татбиқи ин ҳадафҳо фаъолтар гардонанд.

Ба фаъолияти Маркази Шоҳ Салмон оид ба кумакҳои башардӯстона дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд ва таъкид гардид, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи фаъолияти ин марказ дар бахши татбиқи лоиҳаҳои муҳими роҳу нақлиёт, иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Тоҷикистон, таҷдиди Маркази таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ боз ҳам тақвият дода мешаванд.

Ҷонибҳо дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба амнияту суботи минтақавию ҷаҳонӣ, хусусан тақвияти ҳамдастӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосирро баррасӣ намуданд.

37021139234_c5be55e899_z

Октябрь 16, 2017 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд