ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳарорат дар назар аст
ДУШАНБЕ, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қаламрави мамлакат ҳаво тағйирёбанда ва бебориш шуда, дар баъзе минтақаҳо баландшавии ҳарорат дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вилояти Хатлон обуҳавошиносони кишвар ҳавои камабри беборишро пешгӯӣ менамоянд. Дар водиҳо ҳарорат ду дараҷа баланд гардида, рӯзона ба 24-29 дараҷа мерасад. Дар ин минтақа шамол аз самти ғарб дар як сония 3-8 метр мевазад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорати паст пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 18-23 ва дар шарқи ҳамин вилоят 7-12 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд пастшавии ҳарорат ва ҳавои тағйирёбандаи ноустуворро пешгӯӣ менамоянд. Ҳаво дар ноҳияҳои вилоят абрӣ гашта, вазиши шамол аз самти шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 20-25 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, баландшавии ҳарорат дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона ба 24-29 дараҷа мерасад.
Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ баланд мешавад. Ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 26-28 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, ин гуна вазъи ҳаво дар кишвар то охири ҳафта боқӣ мемонад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






