ҶОМИ КФО-2017: Бозии финалӣ миёни дастаи «Истиқлол» ва «Эйр Форс» дар Ҳисор доир мешавад

Октябрь 31, 2017 11:12

ДУШАНБЕ, 31.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Бозии финалии Ҷоми КФО-2017 миёни  дастаи футболи  «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва дастаи «Эйр Форс»-и Ироқ 4 ноябр, соати 18:00, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мегардад. Қабл аз оғози сабқати таърихӣ дар варзишгоҳ бо иштироки сарояндагони эстрадаи тоҷик баҳри болидарӯҳии мухлисон консерт гузаронида мешавад.

Барои бозии финалии Ҷоми КФО-2017 фурӯши чиптаҳо дар хазинаи ду варзишгоҳ- Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин мухлисон метавонанд аз мағозаҳои расмии «Истиқлол» ва «Joma», ки дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ-85 ҷойгир мебошанд, чиптаҳо дастрас намоянд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барои бозии финалии Ҷоми КФО-2017 чиптаҳо бо ду нарх ба фурӯш бароварда шудаанд. Қимати чиптаҳо барои сектори 1 ва 2-юми варзишгоҳ 20 сомонӣ буда, барои секторҳои боқимонда ба 10 сомонӣ баробар аст.

 

 

 

Октябрь 31, 2017 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври 13-уми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мегардад
Варзишгари ҷавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини юнону румӣ соҳиби медали нуқра гардид
Варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзишии Тоҷикистон 278 медал ворид намуданд
Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд