«Рўзи Мавлоно» дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ таҷлил гардид

Октябрь 2, 2017 14:44

ДУШАНБЕ, 02.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола   30-юми сентябр  дар Тоҷикистон «Рўзи  Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ» бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Имсол низ ин ҷашн  дар тамоми минтақаҳои  ҷумҳурӣ таҷлил шуд.

Дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ бузургдошти Мавлоноро бо шаҳомати хосса таҷлил карданд. Ташкилкунандагони  маҳфил Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, маҳфил бо сухани  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва  робита бо ҷомеа академик Абдуҷаббор Раҳмонзода  оғоз гардид.

IMG_0165Сипас   ходими калони илмии шуъбаи адабиёти классикии Институти забон ва адабиёти ба  номи  Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷамолиддин Саидзода  ва узви Раёсати  Иттифоқи  нависандагон Рустами Ваҳҳоб  доир ба   осори безаволи Мавлонои Балхӣ изҳори ақида намуданд.

Дар маҳфили Мавлоно  шоирон  Муҳаммад  Ғоиб, Ато Мирхоҷа,  Муҳаммадалии Аҷамӣ аз ашъори  Ҷалолиддини Балхӣ шеърҳо қироат карданду ҳунарпешаҳои  маъруф  Қурбоналӣ Раҳмон, Ҷурабек Назрӣ ва Муродбеки Насриддин  сурудҳоро бар матни Ҷалолиддини Балхӣ иҷро карданд.

Мавлавии Балхӣ дар садаи 21 ягона нобиғаи Машриқзамин аст, ки башар бидуни шакку шубҳа осори арзишманди ўро дар саросари ҷаҳон мутолиа мекунад. Бахусус, «Маснавии маънавӣ» аз зумраи асарҳоест, ки ҷаҳониён, новобаста аз мансубияти милливу динӣ онро таҳқиқ мекунанд ва ин асари арзишмандро ба наздикону ақрабои хеш барои мутолиа тавсия медиҳанд.

 

 

 

 

 

Октябрь 2, 2017 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид