ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 2 октябр, душанбе, 275-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 90 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 2, 2017 10:22

Тақвими моро дар ин гӯша 

шореҳ Шаҳлои Садриддин варақ мезанад:

 

2 октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе бо узви Кумитаи робитаҳои хориҷии Бундестаги (Парлумони) Ҷумҳурии Федералии Германия Михаэл Глос мулоқот намуданд.

***

4 сол пеш, 2 октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими эҳёи фаъолияти корхонаи «Тоҷиксемент» иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар машқгоҳи Чорухдарони вилояти Суғд машқҳои тактикӣ-омӯзишии «Муҳофиза-2013» ба анҷом расиданд, ки дар онҳо дар қатори қисмҳои артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гурӯҳи кӯҳӣ-тирандозии артиши Қирғизистон низ иштирок намуд.

2 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии бидуни хушунат

***

Рӯзи умумиҷаҳонии меъморӣ

***

Рӯзи ҷаҳонии табибон

***

Ганди Ҷаянти —  зодрӯзи Махатма Ганди

РӮЙДОДҲО:

2 октябри соли 1932  дар Хуҷанд калонтарин дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ комбинати шоҳибофӣ ба фаъолият оғоз намуд.

***

76 сол қабл, 2 октябри соли 1941 амалиёти «Тайфун», ки нақшаи забти шаҳри Москва аз ҷониби Гитлер ба шумор мерафт, оғоз ёфт.

***

2 октябри соли 2005 Италия бори нахуст рӯзи бибиҳо ва бобоҳоро ҷашн гирифт.

***

85 сол муқаддам, 2 октябри соли 1936 дар ИМА истеҳсоли нӯшокии  спиртӣ пас аз манъ кардан  дубора роҳандозӣ шуд.

***

2 октябри соли 2002 дар Япония бори аввал дар ҷаҳон робот-инкассатор ба фурӯш бароварда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1803 сокинони Москва нахустин бор парвози кураи ҳавоиро  тамошо намуданд.

***

Соли 1987 дар Шабакаи аввали телевизиони марказии Россия барномаи нахустини «Взгляд»  ба эфир баромад.

 

 

 

Октябрь 2, 2017 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, чоршанбе, 239-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, сешанбе, 238-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, душанбе, 237-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, якшанбе, 236-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, шанбе, 235-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, ҷумъа, 234-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, панҷшанбе, 233-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, чоршанбе, 232-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 август, сешанбе, 231-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, душанбе, 230-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, якшанбе, 229-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, шанбе, 228-умин рӯзи соли 2025 аст