Вазири маориф ва илм барои омодагии муассисаҳои таълимӣ ба зимистон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо мактуб фиристод

Октябрь 19, 2017 15:20

Бо назардошти фарорасии тирамоҳу зимистон ҳамаи роҳбарону мутахассисонро зарур аст, ки ба масъалаи омодагӣ ба фасли сармо, захира намудани сӯзишворӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ ва маводи ғизоӣ дар ҳар як оила, таъмиру тармим ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани иншооту таҷҳизоти энергетикӣ, шабакаҳои барқрасонӣ ва роҳҳо эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

 

ДУШАНБЕ, 19.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Паст гардидани ҳарорати ҳаво  дар чанд рӯзи охир аз  торафт наздикшавии  сардиҳои фасли зимистон  дарак медиҳад.

  Дар ҷумҳурӣ корҳои омодагӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоху зимистони солҳои 2017-2018»  идома доранд.

 Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои омодагӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар   бо масъулини   Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамсуҳбат гардид.

Тибқи иттилои  сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Эҳсони Хушбахт,  алҳол дар муассисаҳои таълимии  ҷумҳурӣ  захираи ангишт 63,9%, ҳезум 46,4% ва сўзишвории дизелӣ  23,1% иҷро шудааст.

«Харидорӣ намудани маводи сўзишворӣ дар муассисаҳои таълимӣ асосан аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ба роҳ монда мешавад. Дар сурати аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо сари вақт ҷудо намудани маблағҳои барои ин самт пешбинишуда, захира намудани ангишту ҳезум дар муассисаҳои таълимӣ пеш аз муҳлат ба анҷом расонида мешавад»,- таъкид намуд манбаъ.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нақшаи харидории ангишт ва таъмини муассисаҳои таълимӣ  бо маводи сўхт танҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе иҷро гардидаасту халос.

Дар шаҳри Душанбе дар  аксарияти муассисаҳои таълимӣ корҳои таъмирӣ  бобати  қабули гармӣ дар фасли зимистон дар дохили биноҳо ба анҷом расида, ба ҷойи 158,6 тонна 175,7 тонна ангишт (110,8%), ба ҷойи 324,5м3 — 514,5м3 ҳезум (158,6%), ба ҷойи 4600 литр сўзишвории дизелӣ  6757 литр (146,9%)  захира шудааст.

Дар вилояти Суғд ҳам  ба ҷойи 12253,0 тонна 12354,1 тонна ангишт (100,8 фоиз)  ва ба ҷойи 6189,0  м3   ҳезум  6194,0 м3 ҳезум  захира шудааст.

«Бояд таъкид намуд, ки вазъи омодагии муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола  боиси нигаронист. Дар вилоят тибқи нақша бояд 9463 тонна ангишт захира мешуд. Мутаассифона,  то 20 сентябри соли равон  ҳамагӣ 4242 тонна ангишт захира шудааст, ки 50 фоизи нақшаро ташкил  медиҳад. Ба ҷойи 22 707 м3 ҳезум 6613 м3 захира гардидааст, ки ин 29,1 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад»,- гуфт манбаъ.

Тибқи иттилои Эҳсони Хушбахт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷайҳун, Темурмалик, Ховалинг ва Балҷувон  то ҳол кашонидан ва захира намудани ангиштро оғоз накардаанд.

Дар вилоят танҳо шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Сарбанд ва Норак захираи ангиштро пурра таъмин намудаанд. Тибқи нақшаи пешбинишуда,  захираи ангишт дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят пурра иҷро  нагардидааст, ки инро роҳбарони раёсатҳо ва шуъбаҳои маориф ҷудо нагардидани маблағ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо медонанд.

Дар маҷмўъ, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон ба ҷойи 74 013 литр  сӯзишвории дизелӣ 6900 литр захира шудааст, ки он ҳамагӣ 9,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти вазорат, дар муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  низ  корҳои омодагӣ ба зимистон чандон мусоид нест. Дар вилоят  ба ҷойи   5253,8 тонна  3437,8 тонна ангишт (65,4%), ба ҷойи 7839,5 м3 ҳезум 3316 м3 (42,3%) захира шудааст. Нақшаи иҷрои ангишт танҳо дар ноҳияи Шуғнон иҷро гардидаасту халос. Дар шаҳри Хоруғ ҳанӯз  захира кардани ангишт оғоз наёфтааст. Дар ноҳияҳои  Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа  ва Мурғоб  нақшаи пешбинишудаи захираи ангишту ҳезум  пурра иҷро нагардидааст.

Ба ғайр аз ноҳияи Ишкошим, ки захираи сўзишвории дизелиро иҷро намудааст, дар дигар шаҳру ноҳияҳо ҳанўз ягон литр сўзишвории дизелӣ захира накардаанд.

Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ вазъи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола  нигаронкунанда мебошад. Гарчанде дар ноҳияи Лахш захираи   ҳезум иҷро  гардида  бошад ҳам, ба  захира кардани ангишт ҳанўз оғоз накардаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои Нуробод, Роғун, Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Рўдакӣ  кор дар ин самт суст ба роҳ монда шудааст. Захира намудани сўзишвории дизелӣ дар шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Роғун ва Лахш ҳанўз оғоз нагардидааст.

«Аз номи Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ барои  сари вақт таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки захираи ангишту ҳезум ва сӯзишвории дизелиро оғоз ва иҷро накардаанд, мактуб фиристода шуд.

Итминон дорем, ки  роҳбарони  шаҳру ноҳияҳои мазкур  аз  ҳавои мусоиди тирамоҳ  самаранок  истифода бурда,  барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо  захираи  ангишту ҳезум ва сўзишвории дизелӣ  мусоидат менамоянд»,- иброз дошт сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Эҳсони Хушбахт.

 

                                                                                      Рухсораи НУР

Октябрь 19, 2017 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борону барф дар назар аст
«ОЛИҲАИ МЕҲР». Маҷмуа ба мақоми занони фаъоли тоҷик дар рушди ҷомеа бахшида шудааст
«Анор» сокинони Душанберо хушҳол намуд
Дар вилояти Суғд бо собиқадорони меҳнат вохӯрӣ баргузор шуд
ДАРАХТ БИШНОН! Дар шоҳроҳи Душанбе — Варзоб беш аз 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Дар академияи зимистонаи «Ҳаво» масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд
Дар шаҳри Ҳисор ба маъюбон аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд
Дар Душанбе дастовардҳои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд
Имрӯз дар Душанбе борон пешгӯӣ мешавад
Вобаста ба хатари терроризм ба низоми давлатдории муосир дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд