ҲАФТАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМ БАРОИ СУЛҲ. Таъсиси магистратура дар Академияи илмҳо имкон медиҳад, ки тайёр кардани кадрҳои илмии ҷавон вусъат ёбад

Ноябрь 11, 2017 10:15

ДУШАНБЕ, 11.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон санаи 11 ноябр Ҳафтаи байналмилалии илм барои сулҳ оғоз ёфта, дар тамоми донишгоҳу донишкадаҳо оид ба дастовардҳои илми муосир ва сулҳ вохӯриву семинарҳо гузаронида мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки   бори аввал Ҳафтаи байналмилалии илм барои сулҳ соли 1986 дар доираи Соли байналмилалии сулҳ гузаронида шуда буд. Аз тарафи   Ассамблеяи Генералии СММ   моҳи декабри соли 1988 қарор ба тасвиб расид ва тибқи он рӯзи гузаронидани Ҳафтаи байналмилалии илм барои сулҳ расман  қабул гардид. Аз ҳамон сол инҷониб  11 ноябри ҳар сол ин ҳафта оғоз ёфта, дар чаҳорчӯбаи он тадбирҳои гуногун  гузаронида мешаванд.

Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ илми тоҷик дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду инкишоф ёфта, марҳилаи сифатан нави тараққиётро тай намуд.


Дар яке аз суханрониҳои худ   Пешвои миллат оид ба нақши калидӣ доштани илми ватанӣ дар рушди устувори ҷомеа таъкид карда, олимону донишмандонро ҳидоят намуданд, ки ба рушди минбаъдаи илмҳои дақиқ, табиатшиносиву техникӣ ва ба талаботи ҷомеа равона сохтани неруи илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Ҳамзамон фаъолияти худро дар самти ихтироъкориву навоварӣ, ҳамчунин ҷалби ҷавонони болаёқат ба корҳои илмӣ ва ихтироъкорӣ боз ҳам ҷоннок намоянд.

Солҳои охир таваҷҷуҳи  ҷавонон ба илми муосир бештар гашта, кашфиёти нав ба нав рӯйи кор меоянд ва  амалӣ карда мешаванд, ки аз пешрафти илмҳои муосир дарак медиҳанд.

Тавре президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, феълан таваҷҷуҳи олимони  тоҷик ба таҳқиқу омўзиши масъалаҳои илмию техникӣ аз рўи самтҳои афзалиятноки  барои ҷумҳурӣ муҳим, мисли рушди гидроэнергетика, истифодаи комплексӣ ва устувори захираҳои об, истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии аз нигоҳи эко­логӣ тозаи барқароршавандаи энергия, коркарди технологияҳои аз нав кор кардани алюминий ва истеҳсоли маснуъоти тайёр, мониторинги ҳолати сейсмологӣ дар марзи мамлакат, коркарди усулҳои пешгўӣ кардани заминларзаҳо, баҳодиҳии хатари сейсмикӣ дар ҳудуди шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, минтақаи сохтмони корхонаҳои калони саноатӣ ва иншооти гидротехникӣ, мониторинги радиатсионӣ ва амнияти радиатсионии аҳолӣ ва муҳити зист, таҳқиқоти комплексии гуногуншаклии биологии флора ва фауна, генофонд ва захираҳои биологии Тоҷикистон  ва монанди инҳо   равона карда шудааст.

Ба иттилои академик Ф. Раҳимӣ,  бештар аз 100 коркард ва тавсияҳои илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардидаанд ва аксари онҳо татбиқи худро дар муҳимтарин соҳаҳои иқтисодиёт, мисли кишоварзӣ, сохтмон, металлургия, саноати химиявӣ, техникаи ҳисоббарор, геология ва тиб ёфта истодаанд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки таъсиси магистратура дар Академияи илмҳо падидаи нав буда, имкон медиҳад, ки дар муассисаҳои илмии тобеи он дар солҳои оянда тайёр кардани кадрҳои илмии ҷавон вусъат пайдо намояд ва ҷавонони саодатманди кишвар дар пешрафти соҳаҳои мухталифи илм саҳмгузор бошанд.

 

Ибодат ДАВЛАТОВА,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 11, 2017 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст