Азим Иброҳим бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе шинос гардид
ДУШАНБЕ, 29.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф сол аз сол рушд ёфта, ҷиҳати таъмини шароити мусоид барои таҳсил муассисаҳои нави таълимӣ бунёд мешаванд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим якҷоя бо роҳбарият ва масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар шахсони мутасаддӣ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз иншооти сохташавандаи соҳаи маориф дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздид ба амал оварданд.
Мавриди тазаккур аст, ки дар нуҳ моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳри Душанбе 12 муассисаи таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуда, дар 19 иншооти дигари соҳаи маориф, аз ҷумла, 4 бинои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 1 толори варзишӣ your-antibiotics.com таълимӣ ва 14 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Аз ин теъдод 8 иншоот аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 иншоот аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 иншоот аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва 4 иншоот аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд мегарданд, ки маҷмӯан барои 11 ҳазору 464 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидаанд.
Азим Иброҳим зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ бо масъулин суҳбати корӣ доир карда, барои сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






