Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст судҳои иқтисодӣ ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ мақом касб карданд

Ноябрь 3, 2017 09:30

ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Cуди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими судҳои иқтисодӣ» ҷамъомад доир гардид.

Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон зимни ҷамъомад изҳор дошт, ки «дар таърихи ҳар як миллат воқеаҳое ба амал меоянд, ки барои бунёди давлати миллӣ заминаи таърихӣ гузоштаанд. 6 ноябри соли 1994 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми ин сарзамин рӯзи таърихӣ боқӣ мемонад, зеро маҳз дар ин рӯз бори нахуст Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардуми Тоҷикистон қабул гардид. Қабули санади ҳуқуқӣ баробарҳуқуқии тамоми сокинони мамлакатро эътироф карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муқаррар намуд ва моҳияти онро ҳамчун давлати иҷтимоӣ, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, таъйин кард».

Мавриди зикр аст, ки бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар низоми судҳои ҷумҳурӣ  судҳои иқтисодӣ дар сатҳи Конститутсия ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ мақом касб карда, дар заминаи муқаррароти Конститутсия дар Тоҷикистон соли 1995 судҳои иқтисодӣ таъсис дода шуданд. Фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар ин муддат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба стандартҳои байналмилалӣ ва амалияи давлатҳои пешрафтаи дунё мутобиқ роҳандозӣ шуданд.

Дар заминаи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои қонунгузорӣ маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд гардида,  муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бобати ҳимояи манфиатҳои қонунии худ рӯз аз рӯз ва сол ба сол зиёд шуда истодааст. Таҳлилҳои оморӣ собит месозанд, ки танҳо дар нимсолаи якуми соли 2017 ба судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1670 адад аризаҳо оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ворид ва ҳал гардидаанд, ки ин ададҳо дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2016 36,5 фоиз зиёд мебошанд. Ин омор шаҳодати он аст, ки боварии мардум ба ҳокимияти судӣ, ки фаъолияти худро танҳо дар асоси Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ намуда, адолати иҷтимоиро барқарор менамоянд, афзудааст.

Иштирокдорони ҳамоиш дар атрофи мавзӯъҳои «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тақдирсоз ва муайянкунандаи роҳи ояндаи давлату миллати тоҷик», «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими судҳои иқтисодӣ», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-санади ҳуқуқии муттаҳидсозандаи халқи тоҷик ва оини давлатдории миллӣ», «Ташаккул ва рушди судҳои иқтисодӣ дар партави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мубоҳисаҳо баргузор намуданд.

Ноябрь 3, 2017 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд