Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории ду кишвари ҳамҷавор матраҳ гардид
ДУШАНБЕ, 13.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Дурнамо ва рушди ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Қирғизистон дирӯз дар Душанбе зимни мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва Қирғизистон Эрлан Абдилдаев баррасӣ гардид.
Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот мусоҳибон масъалаҳои марбут ба самтҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, делимитатсияи сарҳад, инчунин таҳкими заминаи шартномавӣ-ҳуқуқиро муҳокима намуданд.
Ҳамзамон роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир ба вазъи минтақа мубодилаи афкор намуда, зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрам таъкид карданд.








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






