Дурнамои тавсеаи ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Япония баррасӣ гардид

Ноябрь 3, 2017 11:02

ДУШАНБЕ, 03.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Дурнамои таҳкими ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону  Япония зимни мулоқоти муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода бо директори Бунёди Япония Хироко Мияджима, ки бо як ҳайати фарҳангӣ ба Тоҷикистон омадааст,   дар Душанбе баррасӣ гардид.

Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мусоҳибон  дар мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба рушди ҳамкории фарҳангии ду кишвар, муаррифии фарҳанги Япония дар Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фарҳангу санъатро матраҳ намуданд.  Дар мулоқот  Ҳачиме Китаока, Сафири  Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон иштирок намуд.

Бояд тазаккур дод, ки сафари ҳайати фарҳангии Япония  ба Тоҷикистон аз 1 то 3 ноябр идома ёфта, дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон намоиши мӯди тарроҳони Тоҷикистону Япония ва намоиши филмҳои  ҳунарии японӣ  гузаронида мешаванд.

Ноябрь 3, 2017 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд