ДУЗДӢ АЗ ДОХИЛИ МАҒОЗА… ВКД хабар медиҳад…
ДУШАНБЕ, 20.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза аз ҳолатҳои нохуши садамаҳои нақлиётӣ, дуздию қаллобӣ, ба ҳалокат расидани шаҳрвандон бар асари беэҳтиётӣ ва қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба саломатӣ хабарҳо нашр мекунад. Ба манзури хавфи иҷтимоии ин ҳолатҳо, ҳушдори одамон ҷиҳати ҳушёрию зиракӣ ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш мо чанде аз ин хабарҳоро бознашр мекунем.
Роҳзанӣ ба воситаи корду табар
Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғон- 2 писарбачаи 15 ва 17-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакиро, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд ва марди 60-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир намуданд.
Номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ бо Хисрав ном шахс, ки ба тафтишот номаълум мебошад, шаби 10 ба 11 ноябри соли равон, тахминан соати 01:00, бо мақсади роҳзанӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин, марди 50-солаи муваққатан истиқоматкунандаи ш. Душанбе, ворид шуда, дар он ҷо марди 47-солаи сокини кӯчаи А.Навоиро ба воситаи табар ва корд захмдор намудаанд. Сипас дари сейфро бо табар шикаста, аз дохилаш ягон чиз пайдо накарда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Садамаҳои ҳалокатбори роҳу нақлиёт
18 ноябри соли 2017, тахминан соати 18:00, ронандаи мошини тамғаи «Шанхи» Киромиддин Қамаров, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз ш. Қӯрғонтеппа ба тарафи ш. Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фахрободи н. Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Худойқулова Анора Нуриддиновна, соли таваллудаш 1950, сокини н. Хуросонро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард А. Худойқулова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, 18 ноябри соли равон, тахминан соати 11:15, ронандаи мошини тамғаи «Тайота-Карола» Мирзокаримов Мирзошариф, соли таваллудаш 1946, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҷ.Расулов аз тарафи кӯчаи С.Шерозии пойтахт ба самти кӯчаи Абдуллобеков аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симчӯби канори рости роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа худи ронанда М. Мирзокаримов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.
Дуздӣ аз дохили мағоза
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино-1 марди 32-солаи сокини кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи шахсиаш, воқеъ дар кӯчаи Ҳилолии пойтахт шуда, аз он ҷо либосҳои гуногунро ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зимни доир намудани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия писарбачаи 17-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дастгир карда шуд.
Номбурда бо маслиҳати пешакӣ бо 2 нафар шахсони ба тафтишот номаълум ин ҷиноятро содир намудааст.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






