Гурбонгулӣ Бердимухамедов дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба санъати гулдӯзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд

Ноябрь 3, 2017 09:56

ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Меҳмони фахрӣ»-и навбатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон — Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба санъати гулдӯзӣ, чакандӯзӣ ва кашидадӯзӣ  таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд. Пас аз тамошои гӯшаи ҳунарҳои дастии Осорхона Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов зикр намуд, ки «фарҳанги мардуми точику туркман ба якдигар хеле  қаробат доранд ва ҳамин фарҳанг аст, ки  моро боз ҳам ба ҳам наздиктар месозад».

Роҳбарияти Осорхона ба меҳмони олиқадр иттилоъ дод, ки гулдӯзӣ аз қадимтарин навъи санъати халқи тоҷик буда, бо сӯзан ва чангакчаҳои махсуси гулдӯзӣ дар рӯи матоъҳои гуногун бо ресмонҳои пахтагӣ, пашмӣ, абрешимӣ ва нахҳои зариву нуқрагӣ, инчунин бо сангҳои қиматбаҳо, шадаи майда, мӯҳраҳои реза, пулакчаҳои рахшон, тангаҳо, марҷону марворидҳо дастӣ иҷро карда мешавад.

Ҳамзамон Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо ёдгориҳо ва нигораҳои таърихие, ки бозгӯкунандаи давраҳои гуногуни таъриху фарҳанги миллати тоҷиканд, шинос шуд.

Ҳамин тариқ, ба меҳмони олимақом  дар бораи таърихи Панҷакенти қадим, Тахти сангин ва дигар ёдгориҳои таърихиву фарҳангии халқи тоҷик маълумот дода шуд.

Президенти Туркманистон  зимни баёни таассуроташ чунин иброз намуд:  «Мо бояд ифтихор кунем, ки миллатҳои мо дорои чунин таъриху фарҳанги бою пурғановат ҳастанд. Ва вазифадорем, ки мисли аҷдодонамон онҳоро ҳифз намуда, ба ояндагон ба мерос гузорем».

Сипас, ҳамчун рамзи эхтиром ба мардуми точик ва Тоҷикистон аз ҷониби меҳмони олимақом ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон тухфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Дар охир Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов   дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон соядаст гузошт.

Меҳмони олиқадрро  муовини аввали Сарвазири Ҷумхурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, рохбарони Академияи илмҳо ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар ҳамроҳӣ карданд.

Ноябрь 3, 2017 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад