«Конститутсия- кафили рушди сайёҳӣ»-ҳамоиш дар Душанбе

Ноябрь 4, 2017 12:33

ДУШАНБЕ, 04.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Конститутсия- кафили рушди сайёҳӣ»-таҳти ин унвон  имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон     ҳамоиш баргузор гардид.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ  хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷамъомад намояндагони  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Маркази миллии қонунгузорӣ, Суди конститутсионӣ, коршиносони соҳа  ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доштанд.

 Раиси Кумита Нуъмон Абдуғаффорзода зикр кард, ки «Конститутсия шиносномаи давлату миллат буда, барои бунёди давлати соҳибистиқлоламон заминаи устувор гузошт ва дар сохтмони аркони давлатдорӣ нақши барҷаста дорад. Дар тӯли 23 соли мавриди амал қарор доштани Конститутсия ба он 3 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Меъёрҳои Конститутсия дар ташаккули низоми қонунгузорӣ, сулҳу субот ва камолоти давлатдорӣ заминаи мусоид фароҳам меоваранд».

Зикр шуд, ки   маҳз бо талошҳои созанда ва пайгиронаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи сиёсати дарҳои боз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашта, барои ворид шудани соҳаи сайёҳӣ ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шуд. Тўли солҳои охир дар бахши сайёҳӣ ислоҳоти муҳим амалӣ карда шуда, заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа бо қабул ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди туризм ва дигар санадҳо устувор гардид.

 

Ноябрь 4, 2017 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад