КВД «Ангишти тоҷик»: соли 2018 истихроҷи ангишт ба 2 миллион тонна мерасад!

Ноябрь 20, 2017 10:28

ДУШАНБЕ, 20.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар  Паёми  порсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  назардошти торафт зиёд гардидани талаботи кишвар ба ангишт ва ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои нави истеҳсолӣ   ба ангиштканони мамлакат  дастур доданд, ки  то соли 2018 истихроҷи ангиштро  ба 2 миллион тонна расонанд.  

Соли 2016  истихроҷи ангишт ба 1,3 миллион тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2000-ум 62 баробар зиёд буда,   дар таърихи кишвар бесобиқа аст.

Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии  «Ангишти тоҷик» Илҳомиддин НЕЪМАТОВ зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба дастовардҳои ангиштканони  тоҷик чунин иброз намуд:

  -Ангишт аз сарватҳои муҳими табиию фаровони  Тоҷикистон маҳсуб шуда, тибқи маълумоти оморӣ захираи тахминии он  беш аз  4,5 миллиард, аз ҷумла, ҳаҷми захираҳои пурра кашфшудаи дорои аҳамияти саноатии он  320,3 миллион тонна мебошад.

Бояд зикр кард, ки истифодаи васеи ангишти ватанӣ дар корхонаю муассисаҳо ва коркарди он дар кишвар  ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ мусоидат намуд.  Аз  ҷумла, дар асоси  афзоиши ҳаҷми истихроҷи ангишт соҳаҳои энергетика,  саноати кимиё ва металлургияи ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки алҳол   230 корхонаи  саноатию энергетикии ҷумҳурӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии пойтахт ангиштро  ҳамчун сӯзишвории технологӣ истифода мебаранд. Ҳоло  дар мамлакат 19 ширкати ватаниву хориҷӣ дар 14 кон ба истихроҷи ангишт машғул мебошанд.

Тавре гуфтем,  баробари дар кишвар таъсис ёфтани корхонаҳои нави саноатӣ  ва бунёди  марказҳои барқу гармидиҳӣ  талабот ба ангишт низ сол то сол меафзояд. Иҷрои дастури Президенти ҷумҳурӣ доир ба истихроҷи ангишт  дар назди ангиштканони тоҷик зарурати роҳандозии  технологияҳои муосири саноатӣ ва ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолиро   ба миён гузошт.
Ҷиҳати роҳандозии технологияҳои навтарини истихроҷу интиқоли ангишт олимону мутахассисони тоҷик таҷрибаи пешқадами  корхонаҳои муқтадири  кишварҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Россияро меомӯзанд. Алҳол имконияти бунёди роҳи ҳавоии (канатии) интиқоли ангишт дар кони Назар – Айлоқ (ноҳияи Рашт), ки дар баландии 3500 – 4000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад ва роҳи пурпечутоби он, ки бахусус дар фаслҳои баҳору тирамоҳ душворгузар аст, мавриди омӯзиши мутахассисон қарор дорад.
Дар дигар конҳои ангишти ҷумҳурӣ низ  баҳри фаъолияти пурсамар тадбирҳои  судманд  ба роҳ монда шудаанд.

Мутахассисони КВД «Ангишти тоҷик» нахуст меъёри истихроҷи ангиштро барои ҳар моҳ, ҳафта ва шабонарӯз тартиб доданд.
Дар натиҷаи самаранок ва пурмаҳсул ба роҳ мондани фаъолият корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт тамоми имкониятҳоро истифода бурда, истихроҷи ангиштро аз аввали сол то 10 ноябри  соли равон   ба  1 миллиону 531 ҳазору 835 тонна расониданд, ки нисбат ба  ҳамин давраи соли сипаригардида 344 ҳазору  185  тонна зиёд мебошад.

Мавриди зикр аст, ки маҳз саҳми  корхонаҳои зерин: КФ «Шахтаи «Фон-Яғноб» –  690 ҳазору  516 тонна., ҶДММ «Талко-Ресурс»- 320 ҳазору 14  тонна., Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ «Комбинати металлургии Тоҷик»- 243  ҳазору 240 тонна., КФ «КА «Зиддӣ»- 77 ҳазору  334  тонна., ҶСК «Ангишт» – 43 ҳазору 990 тонна., ҶДММ «Ширкати тиҷоратии Сайёд»-  35 ҳазору 656 тонна, ҶДММ «Сангғалт»  бо 45 ҳазору 585 тонна  дар таъмини ҳаҷми зикргардидаи истихроҷи ангишт назаррас мебошад.

Фурӯши ангишт то ин давра  тибқи маълумоти фаврии корхонаҳо 1 миллиону 426 ҳазору 373 тоннаро ташкил дод, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта   198 ҳазору 300 тонна зиёд мебошад. То имрӯз ба аҳолӣ 125 ҳазору 528 тонна, корхонаҳои буҷавӣ 10 ҳазору 489 тонна, корхонаҳои соҳаи саноату энергетика 1 миллиону 041 ҳазору 841 тонна ангишт фурӯхта шудааст.

Дар анборҳои  корхонаҳои соҳа беш аз 259 ҳазору 534  тонна аз ин маҳсулот захира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 ҳазору 531 тонна зиёд мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки   фурӯши ангишт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардидааст, аммо захираи ангишт дар анборҳо ба ҷои кам гардидан афзудааст, ки   боиси нигаронӣ мебошад. Зеро қоидаҳои нигоҳдории захираҳои ангишт  хеле мураккаб буда, дар сурати риоя нагардидани онҳо маҳсулот сифати худро гум мекунад.

Сари вақт пули ангиштро пардохт накардани  корхонаҳои саноатӣ ва дер ба захираи ангишт машғул шудани баъзе роҳбарони фориғболи корхонаҳои саноативу муассисаҳои иҷтимоӣ аз мушкилиҳои  соҳа арзёбӣ мешаванд.
 Маркази нави барқу гармидиҳӣ (МБГ-2)-и Душанбе яке аз истифодабарандагони асосии  ангишт дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Дар асоси лоиҳа талаботи шабонарӯзии МБГ-2 ба ангишт беш аз 6 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Аз маълумоти пешниҳоднамудаи корхонаҳои соҳа бармеояд, ки то ин давра харидории ангишт аз тарафи МБГ -2 бо бақия аз ангишти аз соли гузашта  дар маҷмӯъ 637 ҳазору 054  тоннаро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон қарзи Маркази нави барқу гармидиҳӣ (МБГ-2)-и Душанбе дар назди корхонаҳои соҳаи ангишт зиёда аз 89 миллион сомониро ташкил медиҳад. Қарзи мазкур ба фаъолияти мунтазами корхонаҳои соҳа бе таъсир  намемонад. Пардохт нагардидани маблағ боиси қафомонии корҳои қабаткушоӣ ва сари вақт харидорӣ нагардидани воситаҳои эҳтиётию сӯзишвории техникаи карйерӣ гардидааст.

Роҳбарияти КВД «Ангишти тоҷик» аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, роҳи  ҳалли масъалаҳои мазкурро дарёфт намуда,  талош доранд, ки то соли 2018 истихроҷи ангиштро ба 2 миллион тонна расонанд.

Аз ҳамаи корхонаҳои саноатию энергетикӣ, аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ  хоҳиш менамоем, ки барои дар шароити мусоид гузаронидани мавсими сармо  аз анборҳои корхонаҳои соҳа   ангишт харидорӣ ва захира  намоянд.

 

Рухсораи НУР,

АМИТ «Ховар»

Ноябрь 20, 2017 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад