МАСИРИ НАНГУ НОМУС. Дар вилояти Хатлон Рӯзи милитсияро таҷлил намуданд

Ноябрь 10, 2017 11:28

ДУШАНБЕ, 10.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа бахшида ба Рӯзи милитсия ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни ҷамъомад раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода  иброз намуд, ки дар ҳамаи давру замон пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии калон дорад.

«Дар ин роҳи пуршараф, ки масири ҳимояи нангу номус ва шаъну шараф буд, ҷавонмардони мақомоти милитсия сина сипар намуданд. Кормандони милитсия дар таъмини суботи ҷомеа, пешгирӣ аз суиқасдҳои хоинона ва кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ пайваста мардонагӣ нишон додаанд»,-гуфт Д. Гулмаҳмадзода.

Дар хатми ҷамъомад аз ҷониби раиси вилояти Хатлон ба 5 нафар кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон «Ифтихорнома»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ба 10 нафар «Сипоснома» ва ба 116 нафар оилаҳои кормандоне, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтидаанд, собиқадорон ва кормандоне, ки ҳангоми хизмат маъюб гардидаанд, кумакпулии якдафъаина тақдим гардид.

 

Ноябрь 10, 2017 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад