ПӮШИДАНИ ЛИБОСИ СИЁҲ МИЁНИ ЗАНОНИ ТУРКМАН ҲАМ ХОСИЯТИ ХУБ НАДОШТАСТ. Суҳбати хабарнигори АМИТ «Ховар» бо бонувон-рӯзноманигорони Туркманистон
ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пӯшидани либоси сиёҳ миёни занони туркман хосияти хуб надорад, чунки либоси сиёҳро аҷдодони мо танҳо дар рӯзҳои мотам ба бар мекарданд. Ин матлабро сармуҳаррири журнали «Зенан қалбы» (“Қалби занон”) Майса ТАЙҶИКОВА ва сармуҳаррири рӯзномаи «Туркманистони бетараф» Майа АЛИМОВА зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз намуданд. Ба гуфти бонувон, «ин анъанаро мо ҳам идома дода, кӯшиш мекунем, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ онро истифода накунем».
Ба андешаи ҳамсуҳбатони мо, либоси миллӣ муаррифгари фарҳанги воло, тахайюлоти бадеӣ ва ҷаҳонбинии ҳар халқу давлат ба ҳисоб меравад. Эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри офаридаҳои ниёгон, аз ҷумла, либоси миллӣ идомаи раванди тамаддунофарӣ ба шумор меравад. Мардуми мо, хусусан занон ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки арзишҳои маънавии хешро беолоиш нигоҳ доранд.
Ба нақли дугонаҳои туркман, занону духтарони ин минтақа аслан ба матоъҳое, ки рангҳои баланд доранд, таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ҳатто арӯсони онҳо дар рӯзи тӯй либоси сурхро бо намунаҳои майдагулдӯзӣ ва сӯзанидӯзии аҷдодӣ ба бар мекунанд. Ҷомача, камзӯл ва хилъатҳои занонаи аз матоъҳои балху помбарх дӯхташудаи онҳо ҳам рангҳои сурх, ҷигарӣ, зард, сабз ва бунафш доранд.
«Дар тамоми чорабиниҳо пӯшидани либоси туркманӣ ва тоқии миллии туркманӣ ҳатмист, зеро он ҳам баёнгари табъи воло ва ҳам ифтихори миллиамон мебошад»,-бо як овоз зикр намуданд онҳо.
Зимни суҳбат маълум гардид, ки дар минтақаҳои Туркманистон сӯзанидӯзӣ хеле ривоҷ ёфтааст. Навъи дӯхти он- занҷираи фишурда ва бисёр реза дар ҷомеаи суннатии туркман барои дӯхтани либосҳои мардона, занона, кӯдакона ва пардаҳо низ истифода мешавад.
Чизи дигаре, ки на танҳо диққати мо, балки тамоми занонро ҷалб кардааст, ин санъати бастани рӯймолҳои туркманӣ мебошад. Вақте аз онҳо сирри бастани онро пурсидем, «ин сирри махфии занони туркман аст»,- гуфт хандида Майа Алимова.
Майа Алимова нақл кард, ки ӯ ҳангоми таҳсил дар яке аз донишгоҳҳои шаҳри Москва дар хобгоҳ бо як духтари тоҷик бо номи Заррина зиндагӣ мекардааст. Ӯ маҳз тавассути Заррина бо урфу одатҳои тоҷикон шинос гардидааст. «Бисёре аз маросимҳои мо, таомҳо ва калимаҳоямон ба тоҷикон шабоҳат доранд. Танҳо дар бисёр ҳолат мо ба ҷои ҳарфҳои а ва о –э ва ба ҷои б-п–ро талаффуз мекунем. Масалан азиз-эзиз, ҷон-ҷан, меҳрубон-меҳрубан, зебо-зеба, насиб-несип ва ғайраҳо»,-изҳор намуд номбурда.
Аз мустақилона ва боҷуръатона баробари мардон дар соҳаҳои гуногун қадам задани занони тоҷик истиқбол карда, бонувони туркман зикр намуданд, ки дар Туркманистон ҳам мавқеъ ва нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа баланд аст. «Дар айни замон дар Туркманистон аз ҳисоби занон дар мақоми роҳбарикунанда раис ва муовини Парламент, 11 вазир, 8 сармуҳаррири маҷаллаю рӯзномаҳои давлатӣ ва 12 роҳбари муассисаҳои олии ин кишвар фаъолият доранд, ки шаҳодати гуфтаҳои болост»,-илова намуданд ҳамсуҳбатон.
Меҳмонони туркман ҳарчанд бори аввал ба кишвари мо ташриф оварда бошанд ҳам, вале дар ин ҷо худро бегона ҳис накарданд. Тӯли сафар истиқболи гарм, меҳмоннавозӣ ва хӯрокҳои миллии тоҷикон бисёр хушашон омадааст.
Дар хотимаи суҳбат аз онҳо даъват кардем, ки боз ба Тоҷикистон биёянд. Дар ҷавоб гуфтанд «несип болса» (насиб бошад).