Пешвои миллат: «Парчами миллӣ мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст»

Ноябрь 24, 2017 15:16

ДУШАНБЕ, 24.11.2017./АМИТ «Ховар»/. «Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст». Ин суханонро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотии худ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ изҳор доштаанд.

Сарвари давлат ҳамзамон зикр намуданд, ки 25 сол муқаддам дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он айёми ноором масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардид.

Вакилони мардумӣ бо дарки аҳамият ва нақши Парчам дар пешбурди давлатдорӣ, инчунин бо дарназардошти анъанаи парчамдории гузаштагони худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.

Президенти кишвар Парчами давлатиро самараи неки иҷлосияи зикршудаи Шӯрои Олӣ ва ҳамсоли он номида, зикр кардаанд, ки қабули он ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид. Мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд.

Тасдиқи Парчами давлатӣ дар давраи басо ҳассосу тақдирсоз ва мураккабу печидаи таърихи халқамон, ки истиқлолият ҳанӯз қадамҳои нахустини худро мегузошт, вале мавҷудияти давлату миллат таҳти хатари воқеӣ қарор дошт, рост омад.

Дар чунин айёми сарнавиштсоз қабул гардидани Парчами давлатӣ иқдоми олии ватандӯстона ва кӯшиши нахустин барои рафъи хатари ба сари давлат ва миллати куҳанбунёд омада буд.

Мардуми Тоҷикистон ва ҷавонмардони ғаюру далери он зери Парчами миллат ба ҳам омаданд, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоиш фароҳам оварданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва санади дорои эътибори олии ҳуқуқии давлат дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ Парчами давлатиро рамзи давлатӣ эълон карда, онро ба ҳайси яке аз унсурҳои бунёдии сохтори конститутсионӣ ва давлатдории миллӣ эътироф намуд.

Минбаъд тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рамзҳои давлатии мо, аз ҷумла, тартиби афрохтану истифодаи Парчами давлатӣ танзим гардида, эҳтиром ва садоқат ба онҳо ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ дар сатҳи олии қонунӣ қарор дода шуд.

24 ноябри соли 2009 мардуми кишвар Рӯзи Парчами давлатиро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва шукронаи даврони соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ бори нахуст ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил намуданд.

«Имрӯзҳо хурду бузурги мамлакат эътимоди комил доранд, ки Парчами давлатии Тоҷикистон чун рамзи озодӣ, ояндаи ободу осуда ва мояи ифтихори халқи соҳибдавлати тоҷик то ҷовидон парафшон хоҳад буд»,-омадааст дар Паёми табрикотии Пешвои миллат.

Ноябрь 24, 2017 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» бо «Лигаи футболи Тоҷикистон» шартномаи ҳамкориро идома дод
Дар Маҷмааи сайёҳии «Сафеддара» Форуми блогерон баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст