ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 16 ноябр, панҷшанбе, 320-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 45 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
***
16 ноябри соли 2012 бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбади пойтахт бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана баргузор гардида буд.
***
4 сол пеш, 16 ноябри соли 2013 маросими ба иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намудани роҳбари навинтихоби давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳи хоса баргузор гардида буд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Фонди эҳсонгари Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ гардид.
16 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи ПРЕЗИДЕНТ.
***
Рӯзи байналмилалии пуртоқатӣ.
***
Дар Украина – Рӯзи кормандони радио, телевизион ва алоқа.
РӮЙДОДҲО:
16 ноябри соли 2009 дар ҷараёни машварати корӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буданд, ки саҳмияҳои НБО “Роғун” ҳарчи зудтар омода карда шаванд, то аз рӯзҳои аввали соли 2010 онҳо баҳри ҷалби сармояи иловагӣ ба сохтмони ин иншооти тақдирсоз ба фурӯш бароварда шаванд.
***
16 ноябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе маросими ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон баргузор гардида буд.
***
Зиёда аз як аср муқаддам, 16 ноябри соли 1906 дар Англия авввалин камера ихтироъ шудааст.
***
Дар ин рӯзи соли 1933 миёни ИМА ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муносиботи дипломатӣ барқарор карда шудаанд.
***
16 ноябри соли 1946 дар Париж Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо таъсис ёфта буд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2016 аввалин маротиба дар Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил карда шуд.