Тоҷикистон бо Африқои Ҷанубӣ ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ тавсеа мебахшад

Ноябрь 24, 2017 09:48

ДУШАНБЕ, 24.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Масоили ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкории мутақобилан  судманди  иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар Душанбе зимни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо Сафири тозаинтихоби фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Африқои  Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кийтуметси С.Т. Мэттюс баррасӣ гардид. Шариф Саид зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ дорои мавқеи хуби ҷуғрофӣ буда,  93%-и масоҳати умумии кишварамонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Дар ин росто,  Тоҷикистон аз лиҳози канданиҳои фоиданок  кишвари бой маҳсуб меёбад. Алҳол таваҷҷуҳи  роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади рушди саноати кишвар ба воридоти таҷҳизоту технологияҳои муосир барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук, мошинсозӣ, дорусозӣ, истихроҷ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо нигаронида шудааст.

Хонум Кийтуметси С.Т. Мэттюс  таъкид кард, ки Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ низ дорои иқтидори бузурги парвариш ва содироти мева ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ хеле рушд ёфтааст. Дар ин замина Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ бо назардошти имкониятҳои хуби мавҷуда дар бахши кишоварзӣ имкон доранд дар оянда дар ин соҳа ҳамкории самарабахш ба роҳ монанд.

Дипломати Африқои Ҷанубӣ зикр кард, ки ин мулоқот дар рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии кишварҳоямон қадами муассир мебошад.

Ноябрь 24, 2017 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ