«Зимистон дар мекӯбад», «Ваъдаҳои «осмонӣ»-и масъулин ба бонувони мардикор» — шарҳи матбуот

Ноябрь 30, 2017 12:02

ДУШАНБЕ, 30.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Муҳтавои шумораи навбатии нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (27.11.2017, № 243) аз мақолаҳои «Пешвои миллат ва ифтихори миллӣ», «Парчам рамзи мавҷудият аст», «МОИ «Данғара» — воридоти сармоя бештар мегардад», «Нахустин конгресси маъюбон», «Тарҷума ва тарҷумонӣ, чанд паҳлуи як проблема», хабарҳо оид ба бунёди хати баландшиддати барқ дар ВМКБ, боздиди намояндагони САҲА аз Парлумони мамлакат, содир шудани амали террористӣ дар яке аз масҷидҳои  Миср ва дигар навигариҳои олам иборат ёфтааст. Муаллифи мақолаи МОИ «Данғара» — воридоти сармоя бештар мегардад» навиштааст: «Дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 31 объект ба қайд гирифта шуда, 7-тои он аз сармоягузори ватанӣ, 16 чинӣ, 2 эронӣ ва 1 покистонӣ мебошад. Мувофиқи бизнес-нақшаи соҳибкорони МОИ «Данғара» тӯли се-чор соли оянда бояд ба минтақа беш аз 1,1 миллиард доллари ИМА сармоя ворид гардад. Ҳаҷми воридоти сармоя ба минтақа аз оғози фаъолияти он 1 миллиарду 395 миллион сомониро дар бар мегирад, ки дар байни минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар нишондиҳандаи беҳтарин мебошад».

Дар хабари муфассали нашрия таҳти номи «Бадахшон, хати баландшиддати барқ бунёд ёфт» чунин иттилоъ пешниҳод шудааст: «Ширкати ватании «Помир-энерҷӣ» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди PATRIP (Олмон) сохтмони хати интиқоли барқи 110 кВ аз НБО «Помир-1» то НБО «Хоруғ»-ро дар қитъаи «Раҳмонобод-Ханев» ва «Барсем-Раҳмонобод» бо сутунҳои оҳанин ба масофаи 13,8 км ба анҷом расонд. Иншооти нав имкон медиҳад, ки 29 200 хоҷагӣ (тақрибан 174 000 нафар) дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 3560 хоҷагӣ (32 000 нафар) дар Бадахшони Афғонистон, инчунин бисёр корхонаю мактабҳо ва марказҳои тиббӣ бо неруи барқи боэътимоди 24-соата таъмин гарданд».

Дар рубрикаи «Сухани рӯз» нашрияи «Ҷумҳурият» (28.11.2017,№244) суханони Президенти Федератсияи Россия Владимир Путинро чоп кардааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони ИДМ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ҳар он чӣ ки дар Тоҷикистон ба амал меояд, барои бисёр халқҳо ва кишварҳо намунаи ибрат аст».

Нашрия аз ҷараёни маҷлиси навбатии Ҳукумати мамлакат таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориши муфассал ба хонандагон пешниҳод кардааст. Дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати мамлакат масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи барномаи корҳои оморӣ барои соли 2018», «Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишвар, вазорату идораҳои давлатӣ бобати иҷрои дастурҳое, ки аз ҷаласаи мазкур бармеояд, супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, барои дар сатҳи зарурӣ ва бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ҷамъбаст кардани фаъолияти ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат дар охири соли 2017, захираи маводи хӯрокӣ, таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, иҷрои нақшаи кишти тирамоҳӣ, дар амал татбиқ кардани чорабиниҳо вобаста ба ободонии пойтахт, инчунин иҷрои талаботи нақша — чорабиниҳо оид ба давраи зимистони солҳои 2017-2018 ва истифодаи оқилонаи неруи барқ дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуданд.

Дар саҳифаҳои дохилии нашрия мақолаҳои «Зимистон дар мекӯбад» — оид ба омодагиҳо ба фасли зимистон дар ноҳияи Темурмалик, «Баргҳоро насӯзонед» — дар мавриди дуди ғализи баргҳои дарахтон, ки дар ин ё он гӯшаи шаҳр худсарона сӯзонда мешаванд, «Тоҷикстандарт, риояи либоси ягона қатъӣ назорат мешавад» — мулоқоти мутахассисони соҳа ва тарроҳон бо кормандони марказҳои савдо, хӯроки умумӣ, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, «Фарёди ёдҳо» — ёднома аз ҳунарманди мардумӣ Ҳабибулло Бегмуҳаммад, «Қонуни танзим, арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ ва фарҳангӣ» — оид ба ҷавҳари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷкистон» нашр шудаанд.

Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» (28.11.2017, №141) аз ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон гузориш чоп кардааст. Дар ҷаласаи мазкур раисони кумитаҳои палатаи поёнии Парлумон масъалаҳоеро, ки барои баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод шудаанд, шарҳу эзоҳ доданд. Аз ҷумла, масъалаҳо «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017», «Оид ба нақшаи ҳудуди МОИ Данғара», «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон» баррасӣ шуда, ҳамчунин масъалаҳо «Дар бораи Созишномаи қарзӣ» вобаста ба сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаихумб, «Оид ба Созишномаи қарзӣ» ҷиҳати беҳтаргардонии низоми обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд барои хулоса ба кумитаҳои дахлдор супорида шуданд. Нашрия мақолаҳои таҳлилии зеринро пешниҳоди хонандагон кардааст: «Давлатҳо аз таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон бояд истифода баранд», «Қӯрғонтеппа. Ваъдаҳои «осмонӣ»-и масъулин ба бонувони мардикор», «Дар нуҳ моҳ 190,9 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва барқарор гардид», «Моҳипарварӣ рушд меёбад, агар…», ки бешак дар мавзӯъҳои муҳими ҷомеа эҷод шудаанд.

«Диният ва дунявият: воқеият ва дурнамо», «Чанд сухан дар бораи эссе», «Устод Айнӣ ва Ҳайрат», «Чаро барномаи давлатӣ иҷро намешавад» — мақолаҳоеанд, ки дар саҳифаҳои шумораи охирини нашрияи Вазорати маориф ва илм «Омӯзгор» нашр шуда, хонандагонро ба олами илму маърифат ва донишу савод ҳидоят менамоянд.

Ҳамчунин нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» маводи матбуотиро бо сарлавҳаҳои ҷолиби «Афсонаи «Роғун», «Инқилоби сафед», «Театр»-и як «актёр»-и беҳунар» чоп кардааст, ки аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд.

Ноябрь 30, 2017 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад