22 декабр-Рӯзи энергетика. Аз миён бардоштани маҳдудияти барқ қадами қатъӣ ба сӯи истиқлолияти энергетикист

Декабрь 22, 2017 09:12

Бо дарназардошти он ки ягон мамлакат тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем.

Аз Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

ба Маҷлиси Олии ҶТ, 22.12.2016.

ДУШАНБЕ, 22.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 декабр дар саросари кишвар Рӯзи энергетика таҷлил карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки дар замони муосир энергетика ба яке аз омилҳои муҳимтарине табдил ёфтааст, ки бидуни он рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ғайриимкон гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуктаро ба инобат гирифта, ба даст овардани истиқлолияти энергетикии мамлакатро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон намуд ва барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ тамоми тадбирҳои судмандро меандешад. Бо мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф ва азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикии мамлакат ҳоло 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодаанд.

Дар қатори бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, сохтмону барқарорсозии иқтидорҳои дигари энергетикӣ, аз ҷумла, навбати аввал ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо тавоноии 400 мегаватт амалӣ карда шуд, ки ба таъмин намудани иншооти гуногун ва сокинони шаҳри Душанбе бо гармӣ ва коҳиш додани норасоии барқ дар фасли зимистон равона  гардидааст. Илова бар ин, таҷдиди Неругоҳи барқии обии «Сарбанд» ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ оғоз гардида, имсол марҳалаи якуми барқарорсозии НБО «Норак» дар ҳаҷми 3 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи 600 миллион сомонӣ шурӯъ шуд. Рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ин самт оғози бунёди сарбанди НБО «Роғун» мебошад, ки метавонад саҳми ногузире дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар дошта бошад. Аз аввали корҳои барқарорсозиву сохтмон ба иншооти мазкур 12 миллиард сомонӣ, аз ҷумла, соли 2016-ум 2 миллиарду 800 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардид. Имрӯз корҳо дар ин иншооти тақдирсоз бо суръат идома доранд ва тибқи нақша агрегати аввали он соли 2018 ба кор дароварда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои наздик ба таври устувору доимӣ таъмин намудани ҳамаи истеъмолкунандагонро бо неруи барқ вазифаи аввалиндараҷаи худ дониста, онро бо роҳи афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол, истифодаи сарчашмаҳои алтернативии тавлиди неруи барқ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ дар соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ амалӣ мекунад.

Дастоварди муҳими имсола-ин дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бе маҳдудият ба мардум додани барқ мебошад, ки қадами қатъӣ ба сӯи истиқлолияти энергетикии кишвар маҳсуб шуда, натиҷаи амалӣ шудани сиёсати бобарори энергетикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Албатта, ин кор ба осонӣ муяссар нагардидааст. Зеро солҳои охир дар баробари рушду нумӯи соҳаи энергетика дигар соҳаҳои хоҷагии халқ низ рушд меёфтанд, аҳолӣ рӯ ба афзоиш меовард, сатҳи зиндагӣ боло мерафт, ки ин ҳама талабот ба барқро сол то сол зиёд мегардонид.

Барои мисол, шумораи аҳолии кишвар беш аз 65 фоиз афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳои нав барпо гаштанд, дар шаҳру деҳоти кишвар миллионҳо метри мураббаъ манзилҳо ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ ба кор оғоз карданд, ки ин ҳама  истеҳсоли неруи барқи иловагиро талаб менамояд. Ва ин нукта дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 низ зикр шуда буд: «Дар ин раванд фаромӯш набояд кард, ки баробари афзоиш ёфтани истеҳсоли неруи барқ шумораи аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ низ зиёд шуда, талабот ба неруи барқ торафт меафзояд».

Новобаста ба ин ҳама, тавре аз Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» баён доштанд, тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ширкати «Барқи Тоҷик» тасмим гирифт, ки имсол дар таъминоти барқ маҳдудият ҷорӣ насозад, ки ин падидаи нек дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикии давлат ба шумор меравад.

Вазифаи асосии Ҳукумат дар солҳои наздик ба таври устувору доимӣ таъмин намудани ҳамаи истеъмолкунандагон бо неруи барқ буда, он бо роҳи афзоиш додани ҳаҷми истеҳсол, истифодаи сарчашмаҳои алтернативии тавлиди неруи барқ, баланд бардоштани самаранокии идораи соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад.

Вобаста ба ин, Сарвари давлат дар Паёми солонаи худ соли 2016 зикр намуданд, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об, ширкати «Барқи Тоҷик» ва дигар сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки дар баробари густариш додани иҷрои корҳои асосӣ дар ин самт, бо мақсади паст намудани талафоти неруи барқ баҳисобгирии истифодаи онро дақиқ ва қатъӣ назорат намоянд.

Тавре аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  вобаста ба масъалаи кам намудани талафоти неруи барқ ва баҳисобгирии дурусти он айни замон татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд» ва «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили неруи барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли неруи барқ» идома дошта, ҳамзамон вобаста ба омодасозии асосноккунии техникию иқтисодӣ лоиҳаи  «Кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода,  ноҳияҳои тобеи марказ ва минтақаи Рашт» дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд дар доираи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд» насби зиёда аз 97 ҳазору 972 адад ҳисобкунакҳои интелектуалии электронӣ барои нуқтаҳои ҳисобӣ ва техникӣ, зиёда аз 3 500 адад трансформаторҳои ҷараён, 230 адад трансформаторҳои якҷоякардашудаи ҷараён ва шиддат, системаи гирифтани нишондоди ҳисобкунакҳо, системаи биллингӣ, 6 862 адад сутуни оҳану бетонӣ, 3 070 километр кабелу ноқилҳои бурриши гуногун, 557 адад қуттиҳои воридотии шиддати 0,4 кВ ва қисман таҷдиди хатҳои барқӣ ба нақша гирифта шудаанд. То ба имрўз  зиёда аз 79 800  адад ҳисобкунакҳои барқии электронии интелектуалӣ ва дигар таҷҳизоти ба онҳо алоқаманд насбу васл карда шудаанд.

Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари ба истифода додани иқтидорҳои нави энергетикӣ, имкон фароҳам омад, ки корхонаҳои саноатии кишвар маҷмўи маҳсулоти дохилиро ба таври назаррас афзоиш дода, дар баробари зиёд намудани истеҳсол ва содироти молҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар рушди иқдисодиёти кишвар саҳми арзанда гузоранд.

Бо истифода аз имкониятҳои азими энергетикие, ки кишвари мо дорад, тараққӣ додани соҳаи гидроэнергетика барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим ва зарурӣ мебошад. Айни ҳол тибқи иттилои расмӣ, дар натиҷаи татбиқи 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар самти рушди соҳаи энергетика шиддати норасоии неруи барқ хеле коҳиш ёфт, ки ҳоло ин ниҳояти кор нест. Ва дер нест он замон ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун яке аз кишварҳои азими содиркунандаи барқ дониста шавад.

 

Шаҳлои САДРИДДИН,

АМИТ “Ховар”

Декабрь 22, 2017 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад
Ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф байни муассисаҳои илмии Тоҷикистон ва Русия таҳким меёбад
Омодагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарон баргузор гардид
Ғолибони Мусобиқаи гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Саидмуъмин Раҳимов муайян шуданд
Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва ба даст овардани 10 фоиз маблағи сарфкарда
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Афғонистон бозии дӯстона мекунад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Алишер Идизода муовини якуми раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид