ҲАР ЯК НАФАР ҲУҚУҚ БА СОЛИМӢ ДОРАД. Имрӯз — Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО (ВИЧ/СПИД)
ДУШАНБЕ, 01.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имсол таҳти шиори «Солимии ман- ҳуқуқи ман» дар тамоми ҷаҳон 1 декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО-Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) таҷлил карда мешавад.
Бояд гуфт, ки аз соли 1996 инҷониб ин сана бо ибтикори Барномаи муштараки СММ оид ба пешгирии ВНМО (ЮНЕЙДС) ҳамасола бошукӯҳ таҷлил мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рӯзро ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил мекунад.
Дар ин рӯз миллионҳо нафар одамон дар ҷаҳон лентаи сурхро, ки имрӯз яке аз рамзҳои асосӣ ва таскинбахшандаи шахсони бо ВНМО зиндагикунанда мебошад, ба бар мекунанд. Ин рамз инчунин ҳамаро ба он даъват месозад, ки доир ба ВНМО зиёдтар донанд ва пеши роҳи онро гирифта тавонанд.
Дар Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва муқовимат бо ВНМО корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, 25 феврали соли равон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» ва нақшаи тадбиқи он қабул гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди Вируси норасоии масунияти одам ВНМО (ВИЧ/СПИД) Дилшод Сайбурҳонов зикр намуд, барномаи мазкур ҳадафҳои асосии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2020»-ро инъикос намуда, чораҳоро баҳри таъмини дастрасии аҳолӣ ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО дар бар мегирад. Барнома дар фаъолияти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба даст овардани Ҳадафҳои рушди устувор саҳмгузор мебошад.
Ҳамчунин мусоҳиб иброз намуд, ки ин барнома вобаста ба ҳолати эпидемиологии сирояти вируси норасоии масунияти одам дар кишвар, таҳлили маълумот оид ба фаъолияти соҳа нисбат ба пешгирии ин сироят, ки дар доираи иҷрои барномаи қаблӣ солҳои 2011-2015 амалӣ гардида буд, таҳия шудааст.
Ба иттилои мавсуф, дар доираи иҷрои барномаи қаблӣ дар ҷумҳурӣ, дар самти пешгирии ин сироят корҳои зиёд анҷом ёфта, барои коҳиш додани сарбории эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва беҳтар гардидани ҳолати эпидемикии ин сироят дар кишвар заминаи мусоид фароҳам омад. Дар ин давра заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ беҳтар гардида, тамоми имкониятҳо баҳри дарёфту муайянсозӣ, пешниҳоди табобатҳои махсус ва назорату расонидани кумакҳои палиативӣ ба беморону сироятёфтагони вируси норасоии масунияти одам фароҳам оварда шуданд.
Тибқи маълумоти омори расмӣ, шумораи умумии сироятёфтагони ВНМО аз соли 1991 то 9 моҳи соли равон 9 ҳазору 637 ҳодисаро ташкил медиҳад. Дар 9 моҳи соли равон 887 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 9,3 фоизаш фавтидаанд.
Бемории Вируси норасоии масунияти одам бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамъизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад.
Баҳри пешгирӣ намудани ВНМО ҳамасола дар арафаи 1 декабр дар тамоми кишварҳои ҷаҳон барномаҳои махсус гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар ин рўз аз ҷомеаи ҷаҳон даъват ба амал оварда мешавад, ки дар мубориза бо ВНМО муттаҳид бошанд. Ҳар як шахс метавонад дар пешгирии он ҳиссагузор бошад. Ба ин восита ҳар як фард барои ҳифзи ҳаёти худ ва наздиконаш аз ташхиси ВНМО гузашта, аз вазъи солимиаш дар робита ба вируси мазкур маълумот мегирад.
Бахшида ба рӯзи мубориза бар зидди ВНМО дар тамоми ҷумҳурӣ тадбирҳои гуногун ва барномаҳои ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ баргузор мегарданд.
Ибодат ДАВЛАТОВА,
АМИТ «Ховар»








РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад






