АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ: Аз ибтикор то ифтихори ҷавонон

Декабрь 27, 2017 09:47

ДУШАНБЕ, 27.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Эълони Соли ҷавонон дар ниҳоди насли худогоҳу бедорфикр як инқилоби ботинӣ, маънавӣ ва ифтихорро ба вуҷуд овард. Ҷавонони хештаншинос мавқеи сиёсии худро аз аввали сол дарк карданд. Бо эълони ин сол мо, ҷавонон, эҳтирому эътирофи олитаринро бар Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дарёфтем. Боз ҳам асолати ифтихор аз чеҳраи таърихи миллат ва абармарди роҳи наҷот дар дили мо шуълаи дурахшонро бедор кард. Такя кардани Пешвои миллат аз пасманзари сиёсат ба ҷавонон нақши мондагори давлатсозӣ ва кишвардории ин шахсияти бузурги арсаи сиёсат аст. Боз бо такя ба ин неруи сарнавиштсоз дар равандҳои муосири ҷомеа мавқеи давлати Тоҷикистонро муайян карданд. Боз дарк кардем, ки бо такя бар қишри ҷавон Ваҳдату Истиқлолро аз нав таҳким медиҳем.

Мусаллам аст, ки тоҷикон 9 сентябри соли 1991 баъди ҳазор соли давлатдориву бедавлатӣ аз нав мақоми асолативу таърихии хешро касб карданду дар остонаи нави давлатдории сирф миллӣ ва соҳибистиқлолӣ мавқеъ гирифтанд. Аз рӯзҳои нахустин, ки давлатро як халои идеологӣ фаро гирифта буд ва буҳрони сиёсӣ беназмию бесуботиҳоро овард, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли равшанзамири миллат умед ба қишри сарнавиштсоз ва оянданигари ҷомеа-ҷавонон карда, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз вартаи нестӣ ба сӯйи бақову устуворӣ давлати миллии худро бароварданд. Аз рӯзҳои нави давлатдорӣ такя ба ин қишр сари вақт ва мантиқӣ буд, зеро ҷавонон ва умуман насли наврас ояндаи халқу ватан буда, тафаккури созандаву сарнавиштсоз доранд.

Бояд гуфт, ки эълони соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон, ки бо иқдом ва ташаббуси Пешвои миллат сурат гирифт, имтиёз ва имконоти фарохеро барои ҷавонон фароҳам овард. Дарвоқеъ, қадамҳо барои эълони ин сол аллакай соли 2016 гузошта шуда буд. Мувофиқан, тағйиру иловаҳое ба Конститутсия (22 майи соли 2016) дароварда шуд, барои ҷавонон майдони фарохеро боз карданд, зеро дар сатҳи мансабҳои олии давлатӣ ва ҷалби кадрҳои роҳбарикунанда мақоми беназиреро ҷавонон касб карданд. Масалан, барои узвият ба Маҷлиси Миллӣ ва вакилӣ ба Маҷлиси намояндагон синну соли баробари сисола таҳкими ҳуқуқӣ ёфт, чунки ҷавонон барои иштирок дар раванди ташаккули заминаҳои қонунгузорӣ ва сиёсии давлат ҳавасманд гарданду дар қабули қонунҳо иродаи аксарияти хешро таҳким бахшанд. Поён овардани синну сол ба сисола барои интихоб шудан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи эътимоди қавиро барои ҷавонон гузошт. Албатта, бо эҳсос ва дарки ин бовар рӯҳияи ҷавонон баланд гардида, баҳри боз ҳам ободу шукуфон гардонидани Ватан талош меварзанд. Дар таъмини адолати судӣ низ меъёри синнусолӣ ба инобат гирифта шуда, барои интихоби зинаҳои олии судӣ низ ҷавонони на кам аз сисола нақши худро гузошта, дар баррасӣ ва қабули ҳукму қарорҳои одилонаву боадолат ҷойгоҳи худро дарёфтанд ва ин тағйироите, ки бо ин муқаррароти ҳуқуқӣ дароварда шуд, далели дар сатҳи кадрию мансабҳои олӣ мақоми баланд касб кардани ҷавонон аст.

Чун агар аз дидгоҳҳои гуногун назар кунем, сараввал Соли ҷавонон аз ҳар самтҳои гуногун баҳогузорӣ ва арзёбӣ меёбад. Бешак, боиси саодатмандии тамоми насли ҷавони кишвар аст, ки Сарвари хирадманде доранд, ки ҳатто соли қисматсозу тақдирофари давлатро ба ин қишр бахшиданд.

Асосан ибтикору иқдоми Соли ҷавонон аз ифтихори миллӣ маншаъ мегирад. Дар низоми сиёсии давлатҳои муосир ангуштшуморанд давлатҳое, ки соли худро ба ҷавонон бахшанд. Соли ҷавонон соли таҳкими идеологияи давлатӣ дар тафаккури мардум ба шумор меравад. Дар вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза эълони Соли ҷавонон худ як муборизаи беамон бо ҳама зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз қабили мубориза бар ифротгароиву ҳаросафканӣ, решакан кардани тақлиди бехирадона ба фарҳанги бегона, ташаккули оилаи солиму ҷомеаи солим, танзим дар расму русуми миллию маҳаллӣ, даст кашидан аз одатҳои хурофотию таассубӣ, ҳалли мушкилоти оилаи ҷавон ва ғайра буд. Ҳамзамон бо пайгирӣ аз ин гуфтаҳо ва фарогир бо Соли ҷавонон як қатор ҷашнвораҳои таърихиву сиёсӣ таҷлили бошукӯҳ ёфтанд. Зеро марҳалаи таърихии ин санаву ҷашнвораҳо бо ин қишри нерумандтарин ҳамрангу ҳамсон буд, чунки ин ҷашнвораҳо ба мақоми ҷавонон бисёр қаробати наздик доштанд.

Акнун маълум мегардад, ки соли 2017 аз санаи қабули Қонуни нахустини соҳаи кор бо ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» (13 марти соли 1992), яъне ташаккули расмии ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон 25-сола шуд. Дар баробари ин, ба фаъолияти низоми устувори мақоми ваколатдори соҳаи кор бо ҷавонон – собиқ Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 майи соли 1997 таъсис ёфт ё ҳозира Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 20 сол пур гардид. Ҳамзамон ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллии тоҷикон дар шаҳри Ваҳдат бо тантанаи баланд, суханронии пурмуҳтавои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд, ки дар Соли ҷавонон идро болои ид овард.

Соли 2017 даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил шуд ва пиромуни Қонуни мазкур Пешвои миллат бо фаъолону аҳли ҷамоати мамлакат вохӯрии судманд гузаронид. Маҳз бунёди тафаккури сарфаю сариштакорӣ ва даст кашидан аз ҳар гуна одатҳои хурофотӣ ба самти ҷавонон нигаронида шуда, барои ташкили оилаҳои ҷавон сабукиҳо ва як заминаи дастрасии иқтисодӣ эҷод кард. Бинобар ин, истодагарӣ ва талошҳои ҷавонон метавонад, ки татбиқи меъёрҳои онро барои наслҳои минбаъда амри зарурӣ ва воқеӣ созад. Ба ғайр аз ҷашнвораҳои боло, инчунин 25-умин солгарди баргузории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гаштанд. Таҷлили рӯзҳои таърихиву сиёсӣ ба ҷавонони миллат дидгоҳи нави дарки истиқлолу соҳибдавлатӣ ва Ваҳдату ҳамбастагиро намоён кард. Дар ин замина бо таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ бори дигар хотирнишонии парчамдору парчамбардории ҷавонон ҷашн гирифта шуда, бори дигар исбот гардид, ки ҷавонон парчамбардорони воқеӣ ва асили миллати мо мебошанд.

Ҷашнвораҳо, солгардҳо, санаҳои таърихӣ бори дигар исботгари он шуданд, ки Соли ҷавонон амри таърихӣ ва воқеияти замон буд. Дар ин сол нақшаи чорабиниҳои гуногун таҳия шуданд, ки худ шоҳид будем, ин чорабиниҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, маърифатию идеологӣ бениҳоят дар сатҳи баланди ташкилӣ барпо шуданд. Тамоми мардуми мамлакат бо ҷавонон тантанаи солро карданду пирон ҳам худро дар қатори ҷавонон дарёфтанду аз ҷавонӣ қиссаҳо гуфтанд. Тамоми ҷавонони минтақаҳои кишвар ба ҳам омаданду ҳамоишу нишаст, конфронсу вохӯриҳои судманд анҷом дода, аз таҳкими бародарию баробарӣ, рафоқату ҳамбастагӣ сухан карданд.

Натиҷаҳои сиёсӣ, кишвардорӣ, идеологӣ, маърифатӣ, иқтисодии Соли ҷавононро метавон чунин таҳлил кард:

бо эълони Соли ҷавонон неруҳои ақлониву зеҳнӣ мушкилоти марбут ба ҷавононро аз сари нав таҳлил ва ҳал карданд;

ҷавонон хештаншиносӣ ва худшиносиро аз дидгоҳи дигари солиму созанда барои худ кашф намуданд ва сафи ихтиёрон ва хайрхоҳони ҷавон дар тамоми кору бахшҳо афзуд;

муаррифии назарраси илмӣ, варзишӣ, истеҳсолӣ, ихтироъкорӣ ва фарҳангии миллатро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷавонон муайян карда, барои натиҷаҳои чашмгиру парчами баланди миллат дар арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор бардоштанд;

дар самти шуғли пурмаҳсулу ба истеҳсолот ҷалб намудани ҷавонон боз ҳам бунёди бисёр корхонаҳои азими саноатӣ афзуд;

дар роҳи ҳаёти шоиста дар танзими расму русуми марбути ҷавонон қадамҳои устувор гузошта шуд;

дарки Истиқлолу Ваҳдат барои насли наврас фароху васеъ гашт;

ҷавонони саодатманди кишвар эҳтиром ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шиори ҳамешагии ҷавонон дониста, худро «пайравони ҳақиқии Пешвои миллат» унвон карданд;

Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад, баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд.

Хуллас, ҳамаи мо шоҳиди чунин иқдому самараи назаррасу созанда гардида, сарҷамъона дидем, истиқбол кардем ва натиҷагирӣ намудем. Бешак, соли 2017 соле буд таърихӣ ва таҳаввулотиву инқилобӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон ва бовар дорем, ки насли навраси мо ин иқдом ва ташаббуси наҷиби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои минбаъда низ бомуваффақият идома медиҳад ва ба комёбиҳои нав ба нав ноил мегардад.

Абӯбакр БАЧАМАРДОВ,

донишҷӯи Донишкадаи

идоракунии давлатии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 27, 2017 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст