Аз Паём то Паём: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд

Декабрь 18, 2017 12:03

ДУШАНБЕ, 18.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ  ба масъулин ҷиҳати дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла, меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳу табобатгоҳ, марказҳо ва дигар иншооти сайёҳӣ супориш дода буданд.

Тавре раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода иброз дошт,  дар асоси ин дастуру супоришҳои  Пешвои миллат як зумра иншооти бузурги инфрасохтории сайёҳӣ, аз ҷумла, Маҷмааи сайёҳию лижаронии «Сафеддара», истироҳатгоҳҳои «Баҳористон», «Пули сангин», маҷмааи «СПА Ҳаёт», меҳмонхонаҳои бренди ҷаҳонии панҷситорадор, марказҳои сайёҳӣ, боғу гулгаштҳои фарҳангию саёҳатӣ ба истифода дода шуданд.
Дар ҳамин замина  соли равон   Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Чанде пеш Кумитаи мазкур портали миллии сайёҳӣ фаъол намуд, ки  он барои  расонидани маълумоти пурра ва саҳеҳ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд.

Портали миллии сайёҳии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода карда шуда, дар оянда бо забонҳои дигари хориҷӣ низ таҳия мешавад. Ин портал фарогири тамоми иттилооти зарурӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, қоидаҳои будубош, дастрас намудани раводид, фарҳангу таърих ва анъанаҳои миллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, иқлим, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, хатсайрҳои ҳавоӣ, ҳунарҳои дастию армуғонҳо ва дигар маълумоти муҳим мебошад.

Дар портал айни замон зиёда аз 20 ширкати сайёҳӣ, осоишгоҳҳо, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо ҷой дода шудаанд, ки тавассути онҳо сайёҳон ва дигар ҳавасмандон метавонанд мустақиман ба сомонаи ин ширкатҳо ворид шаванд.

Хотиррасон менамоем, ки   Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашта, аз соли 2007 инҷониб заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа бо қабул ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм», «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», Консепсияи рушди туризм, Барномаи рушди туризм ва дигар санадҳо  таҳким ёфтааст.
Бояд зикр кард, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушди  соҳаи сайёҳии мамлакат  пайваста  талош доранд, то  он  ба яке аз бахшҳои сердаромади иқтисоди миллӣ мубаддал гардад.

 

Декабрь 18, 2017 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид