Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ ба аҳолии осебпазири Тоҷикистон кумаки нахустин расонид

Декабрь 5, 2017 12:18

ДУШАНБЕ, 05.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ»   татбиқи лоиҳаи «Озуқа баҳри тақвияти дороиҳои ҷомеа»-ро нахустин бор  тавассути додани маблағ оғоз кард.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» масъули бахши робита бо ҷомеаи БОҶ дар Тоҷикистон Дилбар Рузадорова хабар дод, ҳадафи лоиҳа аз ташаккули устуворӣ ва ҳамзамон беҳтар намудани амнияти озуқавории ҷомеаҳо, ки ба хатарҳои табиии такроршаванда дучор мешаванд, иборат мебошад. Ба ҳайси иштирокчиёни лоиҳа 500 нафар намояндагони гурӯҳҳои осебпазири ноҳияҳои Шаҳритус ва Балхӣ интихоб шуданд.

«Иштирокчиён ба иҷрои корҳои меҳнатталаб ҷалб шуда, бо маблағи пулӣ ҳавасманд мешаванд.  Онҳо дар таъмири канали об, барқарорсозӣ, тозакунӣ ва аз нав сохтани иншооти таъмини об иштирок мекунанд. Дар натиҷаи амалигардии ин лоиҳа 340 гектар замини иловагӣ обёрӣ ва 3200 метр канали обёрӣ барқарор хоҳанд шуд.

Ҳавасмандпулӣ ба ҳар як иштирокчӣ ба миқдори 440 сомонӣ ҳар моҳ дар асоси ба охир расидани 25 меъёри кори онҳо пардохт карда мешавад. БОҶ барои ба иштирокчиёни лоиҳа кушодани суратҳисоби кортӣ дар ташкилоти «ИМОН», ки барои интиқоли маблағҳо истифода хоҳад шуд,  мусоидат мекунад»,-зикр намуд Д. Рузадорова.

БОҶ дар ҳамкорӣ бо шарикон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  мақсад дорад  ин лоиҳаро дар 20 ноҳияи кишвар амалӣ намояд.

Бояд зикр намуд, ки БОҶ СММ бузургтарин барномаи башардӯстонаи ҷаҳонӣ буда, дар саросари ҷаҳон дар доираи мубориза бар зидди гуруснагӣ, кумаки озуқаворӣ дар ҳолатҳои фавқулода, беҳтар намудани ғизо ва баланд бардоштани устуворнокии ҷомеа фаъолият мекунад. Ба ҳисоби миёна БОҶ СММ ҳар сол ба зиёда аз 80 миллион нафар дар 80 кишвари дунё кумак мерасонад.

 

Декабрь 5, 2017 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад