БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: таваррум моҳи ноябри соли 2017 ба ҳадафи нишондиҳандаи мақсаднок баробар гардид

Декабрь 14, 2017 10:18

ДУШАНБЕ, 14.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Тибқи маълумоти омори расмӣ, сатҳи таваррум дар моҳи ноябри соли равон 0,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 банди фоизӣ кам мебошад. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ,   раванди тағйирёбии сатҳи нархҳо  моҳи ноябри соли равон муътадил боқӣ монда, асосан дар натиҷаи таъсири омилҳои мавсимӣ ва коҳиши нархҳои баъзе намуди хизматрасониҳо ба вуқӯъ пайваст.

Аз аввали соли равон (январ-ноябр) сатҳи таваррум дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,5 банди фоизӣ афзоиш ёфта, 6,3 фоизро ташкил дод. Тибқи ҳисобҳо, дар таварруми ҳосилшуда саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ 4,3 банди фоизӣ, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,0 банди фоизӣ ва хизматрасониҳо 1,0 банди фоизиро ташкил намуд.

Таварруми солона (дар 12 моҳи охир) моҳи ноябр ба 6,7 фоиз баробар шуда, тадриҷан ба сатҳи нишондиҳандаи дурнамои он барои соли 2017 ва нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлати муайяншуда наздик шуд.

Моҳҳои охир дар натиҷаи ба мувозинат омадани унсурҳои талаботу таклифот муътадилгардии нархҳои баъзе маҳсулоти серистеъмоли хӯрокворӣ мушоҳида мегардад. Дар баробари ин, ба раванди мазкур сиёсати фаъоли зиддитаваррумии монетарӣ ва коҳиши хавфҳои асъорӣ, ки боиси нисбатан коҳиш ёфтани интизориҳои таваррумӣ ва сатҳи таваррум гардид, таъсири мусбат расонид.

Аз рӯи таҳлилҳо ва дурнамо интизор меравад, ки сатҳи таваррум то охири соли равон дар доираи нишондиҳандаи пешбинишуда (7,0 фоиз) ҷамъбаст гардад.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати татбиқи сиёсати самарабахши пулию қарзӣ ва ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Декабрь 14, 2017 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд