Дар қисми низомии 3501-и шаҳри Хуҷанд Спартакиадаи ҳарбӣ-варзишӣ баргузор шуд
ХУҶАНД, 21.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли ҷавонон бо ибтикори комиссариати ҳарбӣ ва бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар қисми низомии 3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд спартакиадаи ҳарбӣ-варзишӣ доир гардид.
Дар спартакиада 140 нафар сарбозони ҷузъу томҳои қисми низомии мазкур аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, вазнбардорӣ, бандкашӣ, давидан ба масофаи 100 метр, ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани қисмҳои автомати Калашников байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Чуноне ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ҳадаф аз баргузории мусобиқоти зерин баланд бардоштани малакаи варзишии сарбозон, ҷалби васеи онҳо ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ва дар ин замина, пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб ба ҳисоб меравад.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ҷои якум насиби Баталйони 1-ум , ҷои дуюм — ротаи таъминоти техникии ҷангӣ ва мақоми сеюм насиби Баталйони 2 гардида, ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар интиҳои спартакиада сарбозон ва афсарон машқҳои тан ба тан ва пайраҳадорӣ намоиш доданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






