Дар ҷумҳурӣ кишти тирамоҳии зироати кишоварзӣ босуръат идома дорад
ДУШАНБЕ, 08.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ кишти тирамоҳии зироати кишоварзӣ босуръат идома дошта, то ин муддат дар 109 ҳазору 924 га кишти тирамоҳии зироат гузаронида шудааст.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз ҳисоби кишти умумии зироат дар ҷумҳурӣ 96 ҳазору 203 гектарро кишти ғалладонагиҳо, аз ҷумла 83 ҳазору 584 га гандум ва 12 ҳазору 313 гектарро ҷав ташкил медиҳад.
Инчунин дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ дар майдони 12 ҳазору 250 га кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуд, ки 74 %-и иҷрои дурнаморо ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 403 га зиёд мебошад.
Барои сари вақт ба анҷом расонидани шудгор ва кишти тирамоҳӣ дар ҷумҳурӣ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони соҳа дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури ситоди корӣ таъсис додааст, ки аъзои он иҷрои саривақтии корҳоро назорат мекунанд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






