«ЭЙ ҲУЗУРИ МАҚДАМАТ…». Дар Душанбе ҳамоиши бедилшиносон баргузор мешавад

Декабрь 2, 2017 11:29

ДУШАНБЕ, 02.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки нимаи аввали моҳи  декабр дар Душанбе  таҳти унвони «Мирзо Абдулқодири Бедили Деҳлавӣ дар сарзамини тоҷикон» бо иштироки донишмандон ва  бедилшиносони шинохтаи тоҷик  ҳамоиш баргузор гардад.

Ҳамоиш дар доираи таҷлили 25-умин  солгарди барқарории  муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон ва таҳкими равобити илмию фарҳангӣ байни ду кишвар  гузаронида мешавад. Дар ҳамоиш олимону бедилшиносони тоҷик доир ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва  осори шоир ва мутафаккири барҷастаи машриқзамин Мирзо Абулқодири Бедил (1644-1721), хусусан ҷойгоҳи Бедил дар ташаккули  адабиёти классикии тоҷику  форс  андешаронӣ хоҳанд кард. Дар чорчӯбаи ҳамоиш инчунин  китоби шарқшиноси тоҷик Бобобек Раҳимӣ, ки таҳти унвони «Зиндагиномаи Бедил» дар нашриёти «Эр-граф» бо дастгирии Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон чоп шудааст, муаррифӣ мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, нависанда ва файласуфи бузург буда, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад, дар ташаккули адабиёти классикии тоҷику форс нақши босазо гузоштааст. Бедил дар шароити таърихии сиёсию иқтисодии мураккабе зиндагӣ ва эҷод кардааст. Бедил адиб ва файласуфи сермаҳсул буд. Аз мероси ӯ 65 ҳазор байт осори манзум ва қариб 50 ҷузъи чопӣ асарҳои насрӣ боқӣ мондаанд. Қисми асосии асарҳои Бедил дар «Куллиёт»-аш, ки соли 1882 дар Мумбай  чоп шудааст, гирд омадаанд. Аз ҷумла, «Дебоча», «Ирфон», «Тӯри маърифат», «Нукот», «Ишорот ва ҳикоёт», «Руқаот», «Чор унсур», «Муҳити аъзам», «Тилисми ҳайрат», «Ғазалиёт», «Рубоиёт», «Қасоид», «Қитъаот», «Таркибот ва тарҷеот», «Ташбеҳот ва тамсилот» ва ғайра.

Дар девони ғазалиёти Бедил ғазалҳои содаю равон кам нестанд. Ҳофизон ғазалҳои шоирро ба оҳанг дароварда, хеле марғуб месароянд. Махсусан ғазали «Эй ҳузури мақдамат дар зиндагӣ бурҳони ман» хеле самимӣ ва дилкаш ба гўш мерасад:

Эй ҳузури мақдамат, дар зиндагӣ бурҳони ман!

Мурда будам, зиндаам кардӣ, биё, эй ҷони ман!

Пеш меомад ба ҳар ҷо дар раҳат барги гуле,

Бурда буд оинае аз дидан ҳайрони ман…

Асарҳои Бедил масъалаҳои гуногунро дар бар гирифтаанд. «Тилисми ҳайрат», ки соли 1669 навишта шудааст,  аз 3750 байт иборат аст. «Муҳити аъзам» (1681) маснавиест дар вазни «Шоҳнома» ва қариб 4500 байт дорад. Маснавии «Тӯри маърифат» (1687) 1500 байт буда, дар вазни «Тилисми ҳайрат»  таълиф шудааст.

Осори ин шоир ва мутафаккири бузурги машриқзамин дар Тоҷикистон аз ҷойгоҳи бузург бархӯрдор аст. Оромгоҳи Бедил дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон побарҷо буда, зиёратгоҳи аҳли илму адаб гардидааст.

Марзия САИДЗОДА

АМИТ «Ховар»

Декабрь 2, 2017 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид