Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Байтулмуқаддас
ДУШАНБЕ, 08.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдоми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати интиқоли намояндагии дипломатии худ аз шаҳри Телавив ба Байтулмуқаддас изҳори нигаронӣ намуда, бар он аст, ки ин амр минтақаи Ховари Миёна ва атрофи онро мувоҷеҳи мушкилоти бештари сиёсиву амниятӣ ва ташаннуҷи қавмиву динӣ хоҳад кард. Изҳорот имрӯз дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор шудааст.
Бар пояи қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (181), Вазорат таъкид менамояд, ки Байтулмуқаддас шаҳри тамоми адён маҳсуб ёфта, мунҳасир кардани он ба як қавм ё дин мухолифи қонунҳои байналмилалӣ мебошад. Ин иқдом ба талошҳои чандинсолаи кишварҳо барои эҷоди сулҳ байни Фаластину Исроил латмаи ҷиддӣ ворид менамояд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умед менамояд, ки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор аз амалҳое, ки раванди истиқрори сулҳу суботи минтақаро халалдор менамоянд, худдорӣ намуда, ба ҳалли созандаву одилонаи ҳамаи ҷанбаҳои қазияи Фаластину Исроил дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ мусоидати ҳамаҷониба хоҳанд кард.








Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд






