Мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

Декабрь 14, 2017 16:36

ДУШАНБЕ, 14.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабри соли равон дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Ҳонӣ Фавзӣ ал-Мулқӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо натиҷаҳои сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун, ки рӯзҳои 9-11 декабри соли равон сурат гирифт, баланд арзёбӣ намуда, оид ба механизмҳои пайгирии саривақтии тавофуқоте, ки зимни сафари мазкур ҳосил шуданд, ибрози андеша карданд.

Пешниҳод гардид, ки дар партави дастуру нишондодҳои роҳбарияти олии Тоҷикистон ва Урдун миёни вазорату ниҳодҳои дахлдори ду кишвар тамосҳои бештар ба роҳ монда шуда, ҷиҳати роҳандозии ҳамкории судманд дар самтҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, саноат, илму маориф, фарҳанг ва дигар самтҳои авлавиятнок  иқдомоти амалии мушаххас бардошта шавад.

Инчунин зимни мулоқот оид ба қазияҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак  табодули афкор сурат гирифт.

Дар вохӯрӣ вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Урдун Сироҷидин Аслов ва Айман Сафадӣ ҳузур доштанд.

Декабрь 14, 2017 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд