Мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Туркия

Декабрь 13, 2017 15:37

ДУШАНБЕ, 13.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабри соли равон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Истанбул мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Биналӣ Йилдирим баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷараёни мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста ба муносибат ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо аз фазои мусоиди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори тавсеаи бештари тамосҳои гуногуни сатҳи сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, рушди саноат, кишоварзӣ, маориф, туризм ва дигар бахшҳои мавриди манфиати ҳамдигар гардиданд. Дар ин замина ду ҷониб азми кишварҳои хешро ҷиҳати то 1 млрд доллари ИМА афзоиш додани гардиши мол таъкид намуда, соҳаҳои нассоҷӣ, энергияи обӣ, коркарди маъдан, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатиро соҳаҳои ояндадори ҳамкории дуҷониба хонданд.

Ҳамин тартиб, миёни ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, вазъияти Шарқи Наздик ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар ин замина табодули назар сурат гирифт. Мусоҳибон ҳамзамон кӯшиши табаддулоти низомиро аз ҷониби гурӯҳ ва ҳизбҳои террористӣ дар кишварҳои ҳамдигар маҳкум намуда, омодагии хешро ҷиҳати ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои таъмини амният изҳор намуданд.

Дар мулоқот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва дигар намояндагони расмии ҷонибҳо ҳузур доштанд.

Декабрь 13, 2017 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид