Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар мулоқоти навбатии Гурӯҳи «Дӯстони об» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 01.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябри соли 2017 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар мулоқоти навбатии Гурӯҳи «Дӯстони об» ширкат ва суханронӣ намуд.
Тавре ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Маҳмадамин Маҳмадаминов роҷеъ ба раванди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ва аҳамияти он барои пешбарии Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) ба ҳозирин маълумот пешкаш кард.
Намояндаи доимӣ ҳамчунин аз пуштибонии қавии Дабири Кулли СММ ва нақши фаъоли Раиси Маҷмаи Умумии СММ дар раванди оғози ташаббуси болозикри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






