ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст

Декабрь 18, 2017 09:40

ДУШАНБЕ, 18.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои   тағйирёбандаи абрнок, дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар аст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз, 18 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки боронӣ (гузариши борон ба барф) пешгӯӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-3 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа хунук мешавад.

«Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи боронӣ ва дар баъзе ҷойҳо боридани барфи кӯтоҳмуддат ва баъзан фаромадани туман пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук мешавад»,-илова намуд манбаъ.

Обуҳавошиносон иттилоъ доданд, ки имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва баъзан фаромадани туман ва боридани барф пешбинӣ  шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-3 дараҷа хунук,  рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш  пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Декабрь 18, 2017 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад