ОДОБИ РАФТОР ДАР ТЕАТР: ғавғо, ҳуштак, покӯбӣ ба ҳунармандон ва тамошобинон халал мерасонад!

Декабрь 17, 2017 09:42

ДУШАНБЕ, 17.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои истироҳат бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои фарҳангӣ барномаҳои фарҳангию фароғатӣ доир карда мешаванд. Аз ҷумла, дар саҳнаи театрҳои пойтахт ҳамарӯза  спектаклҳои ҷолибу диданӣ намоиш меёбанд. Вале, мутаассифона, на ҳамеша ва на ҳамаи тамошобинон қоидаҳои рафтор дар театрро медонанд ва риоя мекунанд.   Гузориши хабарнигори АМИТ „Ховар“ Зарангези ЛАТИФ ба ҳамин мавзуъ бахшида шудааст.

«Саҳна ва толори тамошо, ҳунармандон ва тамошобинон танҳо дар якҷоягӣ ваҳдатро ташкил медиҳанд»- чунин навишта буд Гёте. Ин ибора мазмуни муҳим дорад. Мазмуни намоиш, балет ё шунидани операю консерт хайрхоҳӣ, таассуроти тарафайн, маданияти идрок ва рафтори тамошобинонро тақозо дорад.

Театр макони махсусест, ки кас дар он худро дар дунёи пур аз маънӣ ва ахлоқу накӯӣ эҳсос мекунад. Дар саҳнаи театр  паҳлуҳои муҳими ҳаёт ва воқеаҳои рӯзгори воқеии мардум бо забони бадеияту образҳо бозгӯӣ мегарданд. Маҳз бо ҳамин восита зиндагӣ рангомезиҳои худро таҷаллӣ мекунад, бо ин роҳ дили инсонҳо ба зиндагӣ боз ҳам гармтар мешавад.

Аммо баъзан мушоҳида мешавад, ки қисме аз тамошобинон дар вақти намоиши барномаҳои театрӣ бо рафтори ноҷои худ, аз ҷумла, бо телефонбозӣ, ғавғо, ҳуштак, покӯбӣ  ба ҳунармандон  ва тамошобинон  халал мерасонанд, ҳол он ки тамошобинон барои гирифтани лаззати эстетикӣ ба театр меоянд.

Дар робита ба ин масъала ҳунарпешаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Салоҳиддин Шукуров зимни суҳбат   чунин изҳори назар намуд:

-Театр ҷои муқаддас аст ва инсонро ба дунёи пур аз маънӣ раҳнамоӣ мекунад. Вақте ки дар айёми донишҷӯӣ дар Донишкада таърихи театрҳои кишварҳои Шарқу Ғарбро мехондем, устодон ба мо мегуфтанд, ки дар театрҳои Москва ва дигар кишварҳо ҳангоми ворид гардидани ҳам ҳунармандон ва ҳам тамошобинон ба театр онҳо пойафзоли махсуси бесадо мепӯшиданд, то оромии театр ва тамошобин  халалдор нашавад.

Ба гуфти Салоҳиддин Шукуров, дар театрҳои даврони Шӯравӣ тамошобинон панҷ дақиқа пеш аз шурӯи намоиш вориди толор мешуданд, ҳамин ки чароғ хомӯш мегардиду намоиш оғоз меёфт, дигар касе садо намебаровард, дигар то анҷоми намоиш касе ҳаққи вориди толор шудан  надошт, зеро театр ҳамин гуна рафтори шоистаро тақозо менамояд.

«Имрӯзҳо чуноне мушоҳида мекунам, баъзе ҷавонон ва ҳам калонсолоне, ки ба театр ворид мешаванд, одоби рафтор дар театрро намедонанд. Онҳо ҳангоми спектакл ба шӯру мағал роҳ медиҳанд, ки ин боиси хиҷолати ҳам ҳунармандон ва ҳам тамошобинон мегардад», зикр намуд Салоҳиддин Шукуров.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, баҳри бартараф кардани чунин рафтори номақбул бояд волидон аз хурдсолӣ фарзандони худро ба театр ҷалб намоянд. Бахусус зарур аст, ки ба хонандагони мактаб ва донишҷӯёни донишгоҳҳо мутасаддиён пеш аз ба театр омадан чӣ будани театр ва қонуну қоидаҳои рафтор дар онро фаҳмонанд.

Тавре зикр намудем, зимни даромад ба театр то шурӯи спектакл ба ҷои худ нишастан лозим аст. Дер омадан ба ин гуна ҷойҳо аломати тарбияи номақбул доштани инсон дониста мешавад. Дар сурати дер омадан ва барои ба ҷои худ гузаштан аз шахси дар канор нишаста ҳатман иҷозат пурсидан («Иҷозат диҳед гузарам»), рӯйро ба тарафи нишастагон гардонда, ба ҷои худ нишастан зарур аст.

«Хушбахтона, солҳои охир шумораи тамошобинону мухлисони театр зиёд гардидааст, ки мо инро ҳамарӯза дар толори театрҳо мебинем. Имрӯзҳо ҳам хурдсолону наврасон ва ҳам ҷавонону калонсолон гурӯҳ- гурӯҳ ба театр омада, спектаклҳои писанди дили худро фармоиш медиҳанд. Мо, кормандони театр кӯшиш мекунем, ки бо ҳунари худ табъи тамошобинонро болида гардонем ва диққати онҳоро ба тамошои спектаклҳои театрӣ бештар ҷалб намоем»,- зикр намуд мавсуф.

Салоҳиддин Шукуров мегӯяд, ки баъзан пеш аз оғози спектакл, вақти дар паси парда будани ҳунармандон хомӯшии толорро эҳсос карда, фикр мекунем, ки  касе ба тамошои спектакл наомадааст. Вале вақте ба толор ворид мешавем, мебинем толор пур аз мухлисон аст ва ончунон хомӯш аст, ки пашша пар намезанад. Аз ин ҳолат  хотири ҳунармандон болида гардида, дар саҳна бо як эҳсоси баланд нақш меофаранд ва тамоми ҳунари худро сарф намуда, лаҳзаҳоро рангинтар мегардонанд.

Бояд зикр кард, ки вақти намоиши ин ё он асар пичир—пичир кардан, ба бозии актёрҳо, ороиши саҳна ва дигар чизҳо эрод гирифтан низ аз рӯи одоб нест. Мумкин шумо аз мазмуни спектаклу филм огоҳ бошед, вале ба дигарон зимни тамошо нақл кардани он аз рӯи одоб нест. Аввал ин ки ин кор ба дарки филму спектакл аз тарафи дигарон халал мерасонад, дуюм он аст, ки на ҳама ҷараёни воқеаву ҳодисаҳо, мазмуни филму спектаклро пешакӣ донис тан мехоҳанд.

Ба бозии актёрҳоро дар театр бо чаппакзанӣ баҳо медиҳанд. Вале танҳо баъди анҷоми спектакл, хатми пурраи асари мусиқӣ ё қисми он, баъди хотимаи баромади навбатӣ кафкӯбӣ кардан мумкин аст, зеро кафкубӣ зимни ҳунарнамоӣ мусиқӣ, суруд ва сухани ҳунармандонро пахш намуда, ба дарки пурраи асар ва ҳодисоти саҳна халал мерасонад.

«Таманнои мо ин аст, ки ҳамаи мардуми мо аз театр, спектаклҳои нави ватанию ҷаҳонӣ огоҳ бошанд, аз мазмуни онҳо лаззат баранд, баъди анҷоми ҳар спектакл онро гарму ҷӯшон таҳлил кунанд, баҳсҳо ороянд. Бо ин мақсад мо, ҳунармандон ба минтақаҳои гуногуни мамлакат сафарҳои ҳунарӣ намуда, аҳолии дурдасти ҷумҳуриро бо санъати театр ошно месозем»,- иброз намуд ҳунарманд.

Дар омади гап, тавре ҳамсуҳбати мо иброз намуд, ҷавонони имрӯза бештар ба тамошои мазҳака майлу рағбат доранд ва ҳунармандон низ кӯшиш доранд, ки ин гуна спектаклҳоро ба онҳо пешниҳод кунанд.

 

 

Декабрь 17, 2017 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПИРӢ ФАРО РАСИДААСТ, ЧӢ БОЯД КАРД?». Таҳти чунин унвон китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
РОҲСОЗӢ-КОРИ ХАЙР. Сокинони ноҳияи Спитамен маблағи барои ҳаҷ ҷамъовардаашонро дар мумфаршкунии роҳҳо сарф карданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 28-уми Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ташкилоти ҳизбии «Ободкор» ва «Шири Ватан» таъсис дода шуданд
Дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи парламентӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ баргузор гардид
Агар барқ хомӯш шуд – мо вориди интернет мешавем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
«ЧИЛ РӮЗИ ҲАЁТИ КӮДАКОН». Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоишҳо доир мегарданд
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони ин маҳфил-озмун доир гардид