Палатаи савдои шаҳри Абу Забӣ барои рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон сармоягузории дарозмуддат ба роҳ мемонад
АБУ ЗАБӢ, 14.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ дирӯз дар шаҳри Абу Забӣ ҳамоиши соҳибкорони ду давлат баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои сайёҳиву сармоягузории он баррасӣ гардида, гузоришҳои кӯтоҳи телевизионӣ бо забонҳои арабиву англисӣ манзури намояндагони ҳарду кишвари дӯсту бародар гашт. Ҳамзамон дар ҳамоиши сатҳи олӣ намояндагони Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати сайёҳии «СкайТур»-и Тоҷикистон ва роҳбарони зиёда аз 30 корхонаву ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ҳамоиш масъалаи сармоягузорӣ ба рушди соҳаҳои сайёҳию кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, обрасонӣ, бахши беҳдошт, тиҷорат, фаъолиятҳои бонкӣ байни ду кишвар, ҳамлу нақл ва логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Ҷониби Аморати Муттаҳидаи Араб ҳавасмандии худро оид ба сармоягузорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт. Масъалаи рушди туризм ва сармоягузорӣ дар таҳкими зербинои он аз муҳимтарин масоили ин ҳамоиш ба ҳисоб мерафт. Дар ин бахш намояндагони Ширкати сайёҳии «СкайТур»-и Тоҷикистон рушду пешрафт, имкониятҳо, мушкилоти мавҷудаи соҳа ва авлавияти ин бахши муҳими иктисодиёти ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муфассал тавзеҳ доданд.
Дар назар аст, ки намояндагони Палатаи савдои шаҳри Абу Забии Аморати Муттаҳидаи Араб барои рушди соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузории дарозмуддат ба роҳ монанд.









РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






