Рӯ овардан ба «иқтисоди сабз» — қадами муассир дар самти ҷилавгирӣ аз паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим

Декабрь 1, 2017 16:21

ДУШАНБЕ, 01.12. 2017 /АМИТ «Ховар»/. Соли оянда дар Душанбе Конференсияи байналмилалӣ ҷиҳати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад. Тавре медонем, ин яке аз ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба масоили об мебошад, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда,  тариқи қатъномаи махсус  тасдиқ гардидааст.

 Об ва истифодаи дуруст ва босамари он ба хотири рушди устувор яке аз шохаҳои проблемаи глобалӣ – тағйиёбии иқлим мебошад, ки гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» ба  он бахшида шудааст.

 Тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои глобалии замони муосир ба шумор рафта, он сабаби  дар гӯшаю канори ҷаҳон ба амал омадани офатҳои табиӣ, аз қабили босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳои бесобиқа, тӯфону гирдбодҳои ҳалокатбор, фаромадани селу ярч, хушксолӣ бинобар боришоти кам ва дигар зуҳуроти фалокатбори гидрометеорологӣ гардида, ба захираҳои обию гидроэнергетикӣ, солимии ҷомеа ва амнияти озуқавории давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин росто,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи  ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои обию табиии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир  менамояд.

Суханрониҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар масъалаи ҳифзу беҳдошти муҳити зист аз иқдомоти наҷиб ва саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти  ҷилавгирӣ аз таъсири манфии тағйирёбии иқлим, инчунин ҳифзи муҳити зист мебошад, зеро Пешвои миллат зимни суханрониҳо аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳонро барои пешгирӣ ва мутобиқгардонии бахшҳои мухталифи муҳити табиӣ ва иқтисодию  иҷтимоӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим, хусусан ҳифзи муҳити зист аз газҳои гулхонаӣ даъват намудаанд. Олудагии муҳити зист аз таъсири партовҳои газҳои  гулхонаӣ  ба саломатии инсонҳо таъсири  манфӣ расонида,   боиси зуҳури бемориҳои гуногун, ба мисли диққи нафас, сактаи қалб,  чашм, касалиҳои пӯст, рӯдаю меъда ва асаб  мегардад. Дар асоси гузорише, ки маҷаллаи тиббии «The Lanset» мунташир намудааст, соли 2015 ҳудуди 9 миллион нафар дар саросари ҷаҳон бинобар олудагии ҳаво ҳалок гардидаанд, ки  тақрибан 92 фоизи он дар кишварҳое  ба вуқӯъ пайвастааст, ки аз лиҳози  меъёрҳои иқтисодӣ ва мизони даромад дар сатҳи поён ё миёна қарор доштаанд.

 Омилҳои асосии тағйирёбии иқлим дар ҷаҳон кадомҳоянд?

Яке аз сабабҳои  асосии тағйирёбии иқлим  дар ҷаҳон ба афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ  марбут мебошад,- гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» коршиноси соҳаи иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Ҳомидов. Мавсуф афзуд, ки аз рӯи мушоҳидаҳо ва пешгӯии олимон ин раванд солҳои охир идома ёфта истодааст. Донишмандон раванди зуҳури тағйирёбии иқлимро дар сайёраи замин асосан дар солҳои аввали асри 20 муайян карда буданд. Солҳои 80-ум барои паст кардани  таъсири тағйирёбии иқлим дар байни олимони ҷаҳон  ва мутахассисони соҳа  баҳсу мунозираҳо ба вуҷуд омаданд. Соли 1992 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ҳамоиш баргузор шуд, ки дар он масъалаи тағйирёбии иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт ва Конвенсияи байни кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон  ҷиҳати паст кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ дар сайёра қабул гардид. Дар доираи қабули ин Конвенсия кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон уҳдадор гардиданд, ки ҷиҳати истифодаи технологияи нав, истифодаи дурусти  захираҳои табиӣ ва канданиҳои фоиданоки табиӣ, ки барои рушди инсоният заруранд, партовҳои газҳои гулхонаиро ба муҳит коҳиш диҳанд. Ин ҳолат дар байни  олимону коршиносон,  давлатҳои тараққикарда ва рӯ ба рушд баҳси калон ба миён овард. Дар ин замина соли 2004 Протоколи Киото қабул шуд, ки ин санад уҳдадориҳои ҳар як давлатро  ҷиҳати паст кардани партови  газҳои гулхонаӣ   ва интиқоли технологияи навро   ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ тақвият дод. Моҳи ноябри соли 2015 Созишномаи Париж  қабул гардид, ки он аллакай уҳдадории ҳар як давлатро муайян кард. Кишварҳои ҷаҳон  дар ин самт бояд аз уҳдадории ба зиммадоштаи худ бароянд ва дар самти коҳиш додани партови   газҳои гулхонаӣ  ба ҳаво ва дар ин замина дар рушди «иқтисоди сабз» иқдомҳои муассир рӯи даст гиранд.      

Қабули санадҳои байналмилалӣ чӣ самара дод?

 Назар ба андешаи коршиноси соҳаи иқлим Анвар Ҳомидов, дар асоси Конвенсия ва дигар санадҳои байналмилалӣ, ки дар самти ҳифзи муҳити зист ва ҷилавгирӣ аз тағйирёбии иқлим қабул гардидаанд,  бисёр кишварҳои ҷаҳон барои паст кардани ҳаҷми  партовҳои газҳои гулхонаӣ  ба муҳит кор карда истодаанд ва ба натиҷаҳои пурсамар низ ноил гардиданд. Аз ҷумла, дар кишварҳои пешрафтаи дунё истихроҷи ҳама гуна канданиҳои фоиданок ва коркарди он, инчунин фаъолияти корхонаҳои азими саноатӣ  тавассути  технологияҳои муосир, ки дар коҳиши ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба фазо мусоидат мекунанд,   роҳандозӣ гардидааст. Ҷиҳати ба роҳ мондани технологияҳои муосир дар саноат ва истеҳсолот, хусусан кишварҳои Аврупо ба пешравиҳо ноил гардидаанд. Даст кашидан аз истифодаи ангишт ва дигар маҳсулоте, ки партовҳои зиёд, хусусан  газҳои гулхонаӣ доранд, мисоли возеҳ аст. Имрӯз кишварҳои мутараққии ҷаҳон саъй доранд, ки ба «иқтисоди сабз» рӯ оранд. Ин раванд дар самтҳои гуногун амалӣ гардонида шуда, ба паст намудани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ  ба муҳити зист мусоидат мекунад. Бояд тазаккур дод, ки истифодаи васеи энергияи об, энергияи офтоб, шамол   ва биогазҳо дар истеҳсолот ва саноат раванди муассирест дар роҳи гузашт ба «иқтисоди сабз».

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаи пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим чӣ тадбирҳо меандешад?

 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои минтақа ва  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар самти андешидани тадбирҳои муҳим ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳанӯз соли 2003 Тоҷикистон «Нақшаи миллии амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим»-ро  таҳия ва тасдиқ кард, ки он дар робита ба ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим афзалиятҳои асосиро муайян менамояд. Нақшаи миллӣ оид ба паст кардани  газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон  уҳдадории сохтори иқтисодии Тоҷикистонро ҷиҳати паст кардани ҳаҷми  газҳои гулхонаӣ  муайян намуд.

Ба андешаи  коршинос оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим  Анвар Ҳомидов:  «Тоҷикистон аз лиҳози партови газҳои гулхонаӣ дар миқёси ҷаҳон ҷои 135 –ро ишғол намуда, дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар зинаи охирин қарор дорад, яъне аз ҳама камтар ба атмосфера газҳои гулхонаӣ мепартояд, вале мутаассифона, аз ҳама бештар зарар мебинад».

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи нав оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таҳия гардида истодааст,- афзуд Анвар Ҳомидов. Интизор меравад, ки ин санад охири соли равон ё аввали соли 2018 дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардад. Санади мазкур дар доираи Стратегияи рушди миллӣ омода гардидааст, ки дар  он роҳҳои мутобиқшавӣ ба тағйиёрбии иқлим  вобаста ба ҳар як соҳаи иқтисоди кишвар муайян карда шудаанд. Инчунин роҳҳои паст кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ,  таъсири    тағйирёбии иқлим ва хусусан омилҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар ин Стратегия дарҷ гардидаанд, ки мо метавонем дар ҳар як  самти иқтисоди кишвар роҳҳои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлимро амалӣ намоем.

Чаро Тоҷикистон аз раванди тағйирёбии иқлим бештар хисорот мебинад?

Дар посух ба ин савол Анвар Ҳомидов, коршиноси масоили вобаста ба тағйирёбии иқлим таъкид кард, ки ин раванд  бештар ба ҷойгиршавии мавқеи  ҷуғрофии Тоҷикистон марбут аст, зеро кишвари мо дар минтақае доман густурдааст, ки дар самти ҷанубу шарқаш  Чин –бузургтарин кишвари саноатии ҷаҳон ҷойгир шудааст ва бо саноати пешрафтааш дунёро тасхир намудааст. Дар самти ғарбии Тоҷикистон давлатҳои аврупоӣ ё кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки бо иқтидори бузурги саноатиашон дар ҷаҳон ҷойгоҳи шоиста касб кардаанд,  мавқеъ доранд, ки дар онҳо коркард, истеҳсол ва саноати мухталиф  хеле рушд кардаанд. Инчунин аз лиҳози ҷойгиршавии ҷуғрофӣ  ин табиат аст, зеро ҳаракати ҳар як ҳавои атмосферӣ ҳам ба самти кишвари  мо меояд ва ҳам аз самти давлати  мо ба дигар ҷониб мевазад. Дар ин росто  ба кишварамон ҳангоми ворид шудани ҳавои ғарбӣ ва ҷанубӣ он бо худ ҳавоеро ворид месозад, ки аз партовҳои газҳои гулхонаие, ки дар давлатҳои ҳамсоя ва дигар кишварҳои саноатӣ истеҳсол, коркард ва партов мешаванд, вориди Тоҷикистон мегарданд. Кишвари мо дар миқёси ҷаҳон ва минтақа  партови хеле ками газҳои ба муҳит зараррасон дорад. Агар соли 1990 ҳаҷми партови  кишвари мо ба 25 миллион тонна баробар буд, соли 2010 он ба 9 миллион тонна мерасад.   Дар кишварҳои тараққикардаи дунё  партовҳо дар як сол ба сари як нафар ба 4 тонна рост меоянд. Он дар Тоҷикистон ба ҳар як нафар дар як сол тақрибан  1 тоннаро ташкил медиҳад, ки ин аз ҳама камтарин аст.

Ташаббусҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коҳиш додани паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим

Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таклифҳои муҳиму саривақтӣ ироа гардидаанд. Дар иртибот ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 зимни суханронӣ  дар Саммити Париж, ки   оид ба истифодаи захираҳои об, норасоии имконот нисбат ба ҷилавгирӣ ва коҳиш додани таъсири  офатҳои табиӣ ва дар маҷмӯъ, ба мушкилоти тағйирёбии иқлим доир гардид, таъкид намуда буданд, ки «ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз мебошад, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад. Имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйири иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд». Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки моҳи сентябри соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк доир гардид, сухан намуда таъкид кардаанд, ки  «бинобар тағйирёбии иқлим шумораи офатҳои табиӣ дар даҳҳо кишварҳои олам рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва на ҳамаи онҳо қодиранд тадбирҳои заруриро ҷиҳати ҳифз аз онҳо андешанд». Дар ин росто Сарвари давлати Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки механизмҳои кумакҳои ҳамаҷониба ба кишварҳои осебдида пурзӯр карда шуда, бо ин мақсад бунёдҳои байналмилаливу минтақавӣ таъсис дода шаванд. Ҳамзамон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки Тоҷикистон, ки наваду се фоизи қаламрави онро кӯҳсор ташкил медиҳад, бино бар хусусиятҳои ҷуғрофии худ дар рӯ ба рӯйи пайомадҳои харобиовари   офатҳои табиӣ осебпазир мебошад. Ҳамасола дар кишвар офатҳои гуногуни табиӣ, аз ҷумла, вобаста ба об рух медиҳанд, ки ба иқтисоди миллӣ ба маблағи садҳо миллион доллар зарар расонида, сабабгори талафоти ҷонӣ   мегарданд.  Инчунин Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо дахли  масоили тағйирёбии иқлим таъкид карданд, ки раванди тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардида,  ба ҳаҷми оби дарёҳо ва ба ин васила, ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад. Тайи 30 соли охир аз 13 ҳазор пирях дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз ҳазор адади он пурра нобуд шудааст. Ва ин дар ҳолест, ки имкониятҳои Тоҷикистон аз лиҳози истифодаи иқтидорҳои саноатӣ – яке аз манбаъҳои асосии партови газҳои зарарнок ба ҳаво чандон зиёд нестанд ва 98 фоизи энергияи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ –  манбаи  аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол мешавад. Айни замон 60 дарсади захираҳои обии  Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон  ташаккул меёбанд. Яъне идомаи эҳтимолии  раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба ташаккули захираҳои оби минтақа таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки мо аз гуфтугӯ ба амал гузарем ва дар пиёдасозии ҳадафҳои Созишномаи Париж саҳм гузорем. Айни ҳол Тоҷикистон  бар пояи муқаррароти санади мазкур Стратегияи миллии худро оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таҳия намуда истодааст. Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар марҳалаи кунунӣ яке аз роҳҳои ноилшавӣ ба ҳадафҳои Созишномаи Париж- ин тавсеаи иқтисоди «сабз» ва истифодаи босамар аз захираҳои энергияи таҷдидшаванда  ба ҳисоб меравад. Дар ин радиф мо ҷонибдории худро аз ташаббусҳои ҷаҳонии «Энергияи устувор барои ҳама» ва Даҳсолаи байналмилалии «Энергияи устувор барои давраи то соли 2024» таъкид менамоем. Дар ин росто  иқдомҳое, ки аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии омилҳои  тағйирёбии иқлим андешида мешаванд, бозгӯи онанд, ки мо бояд  ҷиҳати паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим, хусусан ҳаҷми  партовҳои газҳои гулхонаӣ  ба муҳит ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муносибати ҷиддӣ намоем.                                                                       

                                                         Марзия САИДЗОДА

                                                                      АМИТ «Ховар»

Декабрь 1, 2017 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад