Роҳандозии низоми бисёрзинагии тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Парлумон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 01.12.2017/АМИТ «Ховар»/. «Роҳандозии низоми бисёрзинагии тайёр кардани кадрҳои илмӣ (доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯи ихтисос – доктор ҳабилитат), омодагиҳо, замина ва натиҷаи гузариш ба низоми мазкур» имрӯз зимни як нишаст дар Парлумони мамлакат баррасӣ гардид.
Лутфия Раҷабова, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва Раҳматулло Мирбобоев, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли зиё зикр карда буданд, ки «низоми маориф яке аз муҳимтарин низомҳои замони мост. То даме ки дар сохтори таҳсилот тағйироти куллӣ ба амал наояд, мо дар рушди фарҳанг ва маориф ба дараҷаи дилхоҳ расида наметавонем».
Таъкид шуд, ки вобаста ба танзими муносибатҳо дар соҳаи илм оид ба роҳандозӣ намудани дараҷаҳои низоми бисёрзинагӣ (бакалавр – магистр – доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯи ихтисос – доктор ҳабилитат) зарурат пеш омад, ки заминаи меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шавад. Бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» пешниҳод гардиданд, ки алҳол лоиҳаи қонунҳои мазкур дар баррасии Парлумон қарор дорад.
Ҳамзамон доир ба роҳандозии низоми бисёрзинагии тайёр кардани кадрҳои илмӣ Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимӣ ва раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Розиқзода дар назди вакилон сухан карданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд






