Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муфтии Россия ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 18.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муфтии мусулмонони Россия Равил Гайниддин баргузор гардид. Дар ин бора аз Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносиботи дӯстона миёни Тоҷикистону Россия ва ҳамкории байни Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Идораи мусулмонҳои Россия изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳавасмандии худро барои рушди ҳамкории минбаъда баён доштанд.
Ҳар ду ҷониб бо дарназардошти вазъи кунунии ҷаҳони муосир таҳияи созишномаи дуҷониба оид ба муборизаи муштарак бо ҷараёну ҳаракатҳои экстремистию террористиро ба мақсад мувофиқ арзёбӣ намуданд.
Дар рӯзи нахустини сафари худ ба Россия Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода дар масҷиди “Хиёбони МИР” бо муҳоҷирони тоҷике, ки дар Россия фаъолият менамоянд, мулоқот анҷом дод.
Мулоқотҳои ҳамсон дар рӯзҳои баъдӣ дар дигар манотиқи Россия низ доир гардиданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






