Шаби Соли навро сокинони Тоҷикистон бе барф пешвоз мегиранд
ДУШАНБЕ, 28.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шаби соли навро сокинони мамлакат бе барф пешвоз мегиранд. Дар ин бора сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Оё Соли нав бе барф мешавад? Албатта, мешавад. Тавре маълум аст, дар бисёр давлатҳои ҷануб, масалан Австралия, умуман барф намеборад, вале шаби 31 декабр Соли навро бо шодию нишот истиқбол мегиранд.
Ҷамила Байдуллоева дар мавриди он ки гӯё ин гармиҳо муваққатиянд ва аллакай аз даҳаи аввали моҳи январи соли 2018 сар карда, сардии қаҳратун шурӯъ мешавад, гуфт, ки тибқи пешгӯии Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, навобаста аз он ки моҳи январ дар ҷумҳурӣ яке аз моҳҳои сарди зимистон ба шумор меравад, даҳаи аввали он на он қадар сард меояд.
«Шурӯъ аз даҳаи аввали моҳи январ гармии ҳаво 8-13 дараҷаро ташкил медиҳад, яъне то 5 дараҷа фарқ хоҳад кард. Даҳаи аввали моҳи январ дар минтақаҳои баландкӯҳ эҳтимоли бориши барф дар назар буда, ҳарорат аз 0 то 2 дараҷа паст мегардад»,-зикр намуд Ҷамила Байдуллоева.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, 31 декабр дар ҷумҳурӣ асосан ҳавои тағйирёбандаи абрӣ дар назар аст.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






