СУҲБАТИ ҲАМСОЛ БО ҲАМСОЛ. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва гурӯҳи «Авангард» ба Россия сафар намуданд

Декабрь 20, 2017 16:57

ДУШАНБЕ, 20.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонони гурӯҳи «Авангард» ба Федератсияи Россия сафар намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳадафи ин сафар вохӯрдан бо тоҷикони бурунмарзӣ буда, пеш аз ҳама, аз ҷониби ҷавонон суҳбати ҳамсол бо ҳамсол гузаронида мешавад, ки ин боиси боз ҳам рӯҳбаланд гардидани ҳамватанони мо дар ин кишвар мегардад. Дар рӯзи дуюми сафар намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва гурӯҳи ҷавонони «Авангард» аз Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дидан карданд.

Аз соли 2008 инҷониб дар ин шаҳр Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд ва ба шаҳрвандони мо, ки дар шаҳри Екатеринбург фаъолият менамоянд, хизмат мерасонад.

«Сафари намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи ҷавонони «Авангард» ба шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия ва вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ дода мешавад»,-хабар доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.

 

Декабрь 20, 2017 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад