Суди ноҳияи Рӯдакӣ як сокини ноҳияро барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт 15 ҳазор сомонӣ ҷарима намуд

Декабрь 20, 2017 10:52

РӮДАКӢ, 20.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Суди ноҳияи Рӯдакӣ сокини Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳия Ҳомидҷон Солиевро барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёташ дар асоси моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ бо ин модда ҷазои маъмурии ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда, баробар ба 15 ҳазор сомонӣ таъйин намуд. Суд ҳамчунин Ҳомидҷон Солиевро аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол маҳрум кард. Дар ин бора муовини раиси Суди ноҳияи Рӯдакӣ Зарина Солеҳзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ҷавобгар Ҳомидҷон Солиев оиладор, соҳиби 6 фарзанд буда, муваққатан бекор мебошад, вале ба ин мушкилоти зиндагиаш нигоҳ накарда, ба майнӯшӣ даст зада, воситаи нақлиётро дар ҳолати мастӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ идора намудааст. Ӯ дар ин ҳолат аз тарафи нозирони ШБДА ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ дастгир карда шуд.

Зарина Солеҳзода гуфт, ки Суди ноҳияи Рӯдакӣ соли равон бо моддаи 332 барои дар ҳолати мастӣ бе ҳуҷҷати ронандагӣ идора намудани воситаҳои нақлиёт ва моддаи 337-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 198 парвандаро баррасӣ намудааст, ки аз ин шумора 32 парванда пас аз ворид шудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардидаанд.

Инчунин Суди ноҳияи Рӯдакӣ соли равон бо сабаби иҷро накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 33 нафар сокинони ноҳияро бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбат ба онҳо ҷазои маъмурии ҷарима таъйин намуд.

Декабрь 20, 2017 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад