ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 23 декабр, шанбе, 357-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 8 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Декабрь 23, 2017 09:11

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 23 декабри соли 2010 дар шаҳри Истанбули Туркия бо иштироки Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои аъзо ҳамоиши 11–уми сарони Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид.

***

23 декабри соли 2016 ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи Дабири вақти кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба муносибати бо иттифоқи оро қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, номаи табрикӣ ирсол гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2016 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2017 муайян карда шуданд.

23 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Япония –Рӯзи мавлуди император.

***

Дар Шветсия иди миллӣ- Рӯзи таваллуди Маликаи Силвия.

РӮЙДОДҲО:

23 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе дар толори калони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони илму маорифи мамлакат бахшида ба соли 2010-Соли маориф ва фарҳанги техникӣ баргузор гардид.

***

23 декабри соли 2008 дар иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, даъвати панҷум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи таърихи қарз» қабул карда шуд.

 ***

Як сол қабл, 23 декабри соли 2016 дар шаҳри Душанбе бахшида ба 25- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии таъсиси ИДМ Форуми «Гуфтугӯи миллатҳо-гуфтугӯи тамаддунҳо» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1953 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нишони сарисинагии «Аълочии милитсия» таъсис  дода шуд.

***

23 декабри соли 1972 бар асари заминларза пойтахти Никарагуа – Манагуа хароб гардида, зиёда аз 10 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1947 нахустин транзистори қувватфизо (асбоби нимноқилӣ барои тақвият, табдил ва ҳосил кардани сигналҳои электрикӣ) сохта шуд.

Декабрь 23, 2017 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст