ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 6 декабр, чоршанбе, 340-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 25 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Декабрь 6, 2017 08:09

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 6 декабри соли 2011 дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ду бинои Шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил баъди тармиму навсозии асосӣ ва муҷаҳҳазшавӣ бо навтарин техникаю таҷҳизоти ташхису табобат дубора ба истифода дода шуд.

***

10 сол пеш аз ин, 6 декабри соли 2007 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бизнес-форуми Тоҷикистону Афғонистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар  беҳтарин минтақаи истироҳату саёҳати Ҳисор — дараи Алмосӣ Академияи футболи дастаи «Истиқлол» ифтитоҳ ёфт.

6 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар  Испания – Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Финландия- Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Қазоқистон – Рӯзи кормандони прокуратура.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи командони Вазорати алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ.

РӮЙДОДҲО:

6 декабри соли 2010 дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

6 декабри соли 2015 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои боҳашамати Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии “Ҳаёт” ифтитоҳ гардид.

***

88 сол пеш аз ин, 6 декабри соли 1929 дар Туркия ба занон ҳуқуқи овоздиҳӣ дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1945 дар ИМА тафдон ихтироъ карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1923 аввалин шумораи рӯзномаи «Вечерняя Москва» («Шоми Москва») нашр шудааст.

***

Соли 1492 Христофор Колумб ҷазираи Гаитиро кашф намуд.

Декабрь 6, 2017 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш