Табиати дилфиреб, гулу буттаҳои диққатҷалбкунанда, гиёҳҳои шифобахш ва обҳои мусаффои минтақаи Ромит барои ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ мусоид аст-бардошт аз конференсия
ДУШАНБЕ, 29.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имконияҳои бузургӣ сайёҳӣ буда, ба ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик аз азал таваҷҷуҳи бесобиқа зоҳир мегардад. Эҳёи суннатҳои қадимӣ, рушд бахшидану муаррифии бештари он дар сатҳи байналмилалӣ ва дар ин замина тақвият додани соҳаи сайёҳӣ аз мақсадҳои асосии эълон намудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Ин омил аз як ҷониб дар шинохти миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофар ва куҳанбунёд мусоидат намояд, аз тарафи дигар иқтисоди миллӣ рушд мекунад ва шаҳрвандон ба зиндагии аз имрӯза ҳам беҳтар мушарраф мегарданд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат дар самти муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии нақшаҳои мукаммал оғоз гардиданд.
Дар робита ба ин дирӯз дар шаҳри Ваҳдат Конференсияи сайёҳӣ таҳти унвони «Омилҳои рушди сайёҳӣ дар шаҳри Ваҳдат» бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ, коршиносони соҳа ва масъулони сохторҳои дахлдор баргузор гардид.
Раиси Кумита Нуъмон Абдуғаффорзода зикр кард, ки мамнӯъгоҳи Ромит, истироҳатгоҳҳои «Явроз», «Дониш», «Кайҳон», базаи сайёҳии «Ёс», мавзеи «Канаск» ва даҳҳо мавзеъҳои хушманзараи дараи Ромит, ки дорои иқтидори бойи сайёҳӣ мебошанд, дар оянда дар сурати таблиғ кардан метавонанд ба рушди сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ ва таърихию фарҳангӣ саҳми назаррас гузоранд.
Иштирокдорон иброз намуданд, ки иқлими шаҳри Ваҳдат басо мусоид буда, дар он барои ҷалби бештари сайёҳон беҳтарин имкониятҳо мавҷуд аст. Табиати дилфиреб, гулу буттаҳои диққатҷалбкунанда, гиёҳҳои шифобахш ва обҳои мусаффои минтақаи Ромит барои ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ басо мусоиданд.
Ҳамчунин дар ин ҷамъомад имкониятҳои дигари сайёҳии қаламрави ҷумҳурӣ муаррифӣ карда шуда, доир ба нақшаҳои тарҳрезинамудаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат пешниҳодҳои мушаххас ирсол гардиданд.
Ба иттилои масъулини Кумита, давоми чанд рӯзи охир аз тарафи Кумита 20 хатсайри нав таъсис дода шудааст, ки онҳо дар мавсими оянда ба фаъолият оғоз хоҳанд кард. Ҳамзамон ширкатҳои сайёҳӣ низ иқтидор ва нақшаҳои мукаммали худро муаррифӣ карда, изҳор доштанд, ки ташкили шаҳракҳои хаймавӣ роҳи наву мувофиқ барои ҷалби сайёҳон мебошад ва ин омил аз тарафи дигар дар ҳифзи табиати мамлакат мусоидат мекунад.
Бояд зикр намуд, ки дараи хушманзараи Ромит яке аз мавзеъҳои нотакрори сайёҳӣ ба шумор рафта, дар болооби рӯди Кофарниҳон воқеъ аст. Дар замони шӯравӣ дар ин ҷо заводу гармхона, ҳавзҳои моҳипарварӣ ва мамнӯъгоҳи табиӣ, истироҳатгоҳҳои бачагона, фабрикаи мурғпарварӣ, боғҳои таҷрибавӣ ва бӯстонсароҳо мавҷуд буданд. Солҳои 90-ум маркази муҳими сайёҳӣ бар асари ҳодисаҳои маълум тахриб гашт. Аз соли 2002 маҳз бо пешниҳоду дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои барқарорсозию ободонии дараи Ромит оғоз ёфтанд. Фабрикаи мурғпарварӣ, ҳавзҳои моҳипарварии деҳаи Ёс, гармхонаҳо, коргоҳҳо, боғҳои таҷрибавӣ ва истироҳатгоҳҳо барқарор шуданд. Дараи Ромит аз соли 2000 минтақаи сайёҳӣ эълон шудааст ва ҳоло дар фаслҳои баҳору тобистон ҳазорон нафар аз дохилу хориҷи кишвар ба тамошои ин мавзеъ меоянд. Манзараҳои деҳоти ду тарафи рӯди Кофарниҳон дар ин фаслҳо бинандаро мафтун месозанд. Дарёи Кофарниҳон бо 382 км дарозӣ аз қаторкӯҳҳои Ҳисору Қаротегин сарчашма мегирад. Ба маълумоти мутахассисон, дар ин дарё 26 намуди моҳӣ, аз ҷумла, гулмоҳӣ мавҷуданд, ки вазнашон то 5 кг-ро ташкил медиҳад. Ба андешаи коршиносон, ин дара барои парвариши занбӯри асал низ мувофиқ аст. Ин мавзеъ дорои чашмаҳои зиёди шифобахшест, ки давобахшандаи бемориҳои гуногунанд. Машҳуртарини он чашмаҳои «Покрӯд» ва «Зайрон» мебошанд, ки оби сарди «Покрӯд» барои беморони диабети қанд ва оби чашмаи «Зайрон» барои табобати бемории буғумдарду тарбод истифода мешаванд.
Коршиносон бар он назаранд, ки агар дар ин дараи обу ҳавояш тоза осоишгоҳҳои хуштарҳу замонавӣ бунёд карда, онҳоро берун аз мамлакат муаррифӣ намоем, шумораи сайёҳони хориҷӣ меафзояд.
Тибқи нишондодҳои оморӣ, соли 2017 вуруди сайёҳон беш аз 15 фоиз афзоиш ёфтааст ва бо амалӣ гардидани нақшаву барномаҳои тарҳрезигардида солҳои минбаъда, аз ҷумла соли 2018, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, изҳори умед мекунем, ки ин нишондод ба маротиб зиёд хоҳад гашт.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»