Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Ҷазираҳои Баҳама муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд

Декабрь 6, 2017 14:58

ДУШАНБЕ, 06.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабри соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Ҷазираҳои Баҳама баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, баёнияи муштаракро дар ин хусус аз ҷониби Тоҷикистон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва аз ҷониби Иттиҳоди Ҷазираҳои Баҳама Намояндаи доимии он кишвар дар СММ Шейла Карей ба имзо расониданд.

Декабрь 6, 2017 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш