Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Вена мулоқотҳои судманд анҷом дод
ДУШАНБЕ, 08.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабри соли 2017 дар ҳошияи иҷлосияи 24-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар ш. Вена мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Комиссари олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба ақаллиятҳои миллӣ Ламберто Занниер баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқоти мазкур ҷонибҳо дурнамои ҳамкории минбаъдаи кишварро бо Дафтари Комиссари олӣ оид ба ақаллиятҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода, инчунин роҷеъ ба пешбурди ҳамкорӣ дар самти таъмини сулҳу субот дар паҳнои САҲА ва эҳтироми ҳуқуқи инсон мубодилаи афкор намуданд.
Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Канада дар мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Канада хонум Кристиа Фриланд баррасӣ гардид.
Зикр гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Канада тавассути Агентии байналмилалии Канада оид ба рушд (CIDA) ба таври самарабахш сурат гирифта, он ба соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф равона шудааст. Дар ин замина, изҳори умедворӣ гардид, ки муносибатҳои дуҷониба дар дигар соҳаҳои муҳим, аз ҷумла, обу энергетика, тағйирёбии иқлим, таҳкими сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир низ тақвият дода хоҳанд шуд. Ҳамчунин ҷонибҳо роҷеъ ба густариши ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин чорабиниҳои байнамилалие, ки соли 2018 дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, ибрози ақида намуданд.








Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






